Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Беди Маҷнунро ба ҷуз ошуфтагӣ аз бар чӣ ҳаз?
Аз садои нағмаи булбул ба гӯши кар чӣ ҳаз?

Фарши Маҷнун кисвати хоки дари Лайлӣ бувад,
Гар на манзураш бувад Лайлӣ, зи хоки дар чӣ ҳаз?

Фикри уқбо кун, бувад шамъи далели роҳатат,
Аҳриманро ҷуз надомат аз сафи маҳшар чӣ ҳаз?

Кӯҳкан аз ишқи Ширин ҷони ширин меканад,
Ҷуз садои теша андар гӯши ӯ дигар чӣ ҳаз?

Дам ба дам гардад зи хунам ҷавҳари теғаш фузун,
Хун набошад теғро, аз ҷилваи ҷавҳар чӣ ҳаз?

Эй ки тоҷи салтанат дорӣ, адолат пеша кун,
Гар сулуки адл набвад, шоҳро з-афсар чӣ ҳаз?

Тухми ҳанзал гар бувад дар набзи амрозат даво,
Дар мазоқат з-илтиёми марҳами шаккар чӣ ҳаз?

Бистари ноз аст фарши чашми бемораш, вале
Паҳлуи беморро аз роҳати бистар чӣ ҳаз?

Сафҳаи дилро ту мистар зан барои муддао,
Бе саводи муддао бо сафҳа аз мистар чӣ ҳаз?

Хушкмағзонро зи файзи дидаи тар баҳра нест,
Гар набошад абр дил, Туғрал, зи хушку тар чӣ ҳаз?

пешина
аз 312
навбатӣ