Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Эй ба хубӣ дар миёни хубрӯён муътараф,
Ҷабҳаи гулрост аз шарми рухат доғи калаф!
Гарчи дар банди ҷунунам, лек ҳар сӯ мекашад
Домани зулфаш гиребони маро аз ҳар тараф.
Хок гардидам ба роҳаш бар умеди интизор,
Гар расад пояш ба фарқам, бас бувад инам шараф!
Пой неҳ дар водии ғам, доман аз олам бикаш,
То ба кай печӣ сари худ дар гиребон чун кашаф?!1
Хондаам дарси муҳаббат пеши устоди ҷунун,
Шуд аз он асрори ишқи ӯ диламро мункашаф,
Нест ин саҳрои олам ҷуз чарогоҳи давоб,
То ба кай чашми ту бошад ҳамчу ҳайвон дар алаф?!
Магзар аз ойини неконе, ки буданд қабл аз ин,
Рафтагон рафтанд андар суннати аҳли салаф.
Бо ҳунар бигзар ту аз ғаввосии баҳри сухан,
Барнаёяд дурри қимат аз даруни ҳар садаф.
Баски дар мулки маонӣ ман нишони шуҳратам,
Синаи ман шуд аз он тири ҳаводисро ҳадаф.
Сад дури маънӣ ба силки назм меорам, вале
Нест саррофе, ки созад фарқ гавҳар аз хазаф.
Бандае аз бандагони ҳазрати ишқам кунун,
Гарчи бошам дар қатори оли султони Наҷаф.
Офарин бар мисраи Бедил, ки, Туғрал, гуфтааст:
«Нотавонӣ оламе дорад такаллуфбартараф».
1 Кашаф – сангпушт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё