Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зи меъмори харобӣ баски ҳамчун ганҷ маъмурам,
Чу марҳам оқибат гул мекунад аз захми носурам.

Ҷуз оҳанги муҳаббат нест дар мизроби ман дигар,
Ҳамин «Ушшоқ» меояд ба гӯш аз сози танбурам.

Маро андешаи ҳаҷру хаёли васл кай бошад?!
Ба завқи кӯи ӯ н-ояд ба хотир ҷаннату ҳурам.

Маро ҳарчанд саҳрои ҷунун чун лола маскан шуд,
Вале аз улфати доғи ғами ӯ сахт масрурам.

Накардам бо адиби ишқ ҷуз машқи ҷунун дигар,
Агар оҳе кашам дар базми ӯ, чун шамъ маъзурам.

Ҳамин бас нашъаи кайфийяти хамёзаи шавқаш,
Ба соғар улфате дорад нигоҳи чашми махмурам.

Аз он рӯзе, ки ман дар водии ҳаҷраш ватан дорам,
Набошад субҳи ишрат дар паси ин шоми дайҷурам.

Зи султони ғамаш набвад ба туғрои мисоли ман
Ба ғайр аз сояи бахти сиёҳи хеш маншурам.

Қалам аз баҳри таҳрират зи чӯби дор мебояд,
Ки то бинвисӣ шарҳи қиссаҳои хуни Мансурам.

Ҳазорон офарин, Туғрал, ба аҷзи ҳазрати Бедил:
«Зи дашти бехудӣ меоям, аз вазъи адаб дурам».

пешина
аз 312
навбатӣ