Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳадиси зулфи ӯ хоҳам, хате аз ҳола1 бинвисам,
Ба ҷои васфи хӯяш шуълаи ҷаввола бинвисам.

Дар он мактуб, ки шарҳи қиссаи ҳаҷраш баён созам,
Қалам аз оҳи булбул мекунам, гар нола бинвисам.

Агар хоҳам саводи нусхаи девони ишқи ӯ,
Ба доғам гар расад навбат, ба барги лола бинвисам.

Мапурс аз ман ҳадиси гармии он лаъли гулгунаш,
Фитад дар сафҳаам оташ, агар табхола бинвисам.

Паи таҳрири килки ман табассум хандае дорад,
Ки ҷои ҳарфи дандонаш нуқат аз жола бинвисам.

Набинӣ дар ҷаҳон ҷуз ҳалқаи қавси қузаҳ дигар,
Ба мадди абруяш рӯзе, ки ман дунбола бинвисам.

Нависӣ ҳоли ушшоқаш, баён кун шаммае бо ман,
Ки ман шайдои ӯям, хештанро вола бинвисам.

Ҷуз арбоби маонӣ ҷумлаи халқи ҷаҳон яксар
Кам аз гованд дар дониш, магар гӯсола бинвисам?!

Хушо, Туғрал, аз ин як мисраи баҳри сухан Бедил:
«Қалам дар мавҷи гавҳар бишканам, табхола бинвисам!»

1 Ҳола – доираи нуроние, ки гоҳе гирдогирди моҳ зоҳир мешавад,
хирмани моҳ.

пешина
аз 312
навбатӣ