Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гирифтори каманди он хами зулфи буногӯшам,
Ҳубобосо ба савдои хаёлаш хонабардӯшам.

Адибо, бо ман аз дарси хирад дигар магӯ ҳарфе,
Чу Маҷнун дар хаёли турраи Лайлӣ бувад ҳушам.

Намехоҳам ба ғайр аз давлати дидори васли ӯ,
Агар фарзанди хуршеди фалак ояд дар оғӯшам!

Маро аз зиндагӣ беҳтар, ки мурдан дар таманнояш,
Агар дар ҷоми Ҷам оби ҳаёт ояд, наменӯшам!

Ҳамин шуд сарнавишти қисмати рӯзи азал бо ман,
Қазо аз ҳалқае доғи ғуломӣ кард дар гӯшам!

Набошад дархури ман ҳеч лофи нағмаи шавқаш,
Зи ташвири1 ҳароратҳои ишқи ёр дар ҷӯшам.

Хушо дар пайкари ман кисвати хоки дараш,
Туғрал,
Ба ҷои пираҳан ҷуз ӯ зи олам чашм мепӯшам!

1 Ташвир – ошӯбу изтироб.

Надонам, шамъи рухсори кӣ равшан шуд зи омолам,
Ки чун парвона сарфи сӯхтанҳо шуд пару болам.

Агар сад раҳ китоби ишқро хонӣ, намеёбӣ
Ба ҷуз шарҳи ҷунун аз нусхаи девони аъмолам.

Ба ёди иди васлаш салхи моҳи ман шавад бадре,
Ғуруророи айшам, ғурраи айёми шавволам1.

Китоби мушкилоти ишқи ман наҳви дигар бошад,
Намефаҳмад ба ҷуз Маҷнун дигар кас шарҳи аҳволам.

Ман аз бори заифӣ он қадар гардидаам лоғар,
Ту пиндорӣ, ки сармашқи садои нолаву нолам.

Надорад гашти роҳат муҳраи нарди бисоти ман,
Нишони саъд ҳаргиз нест андар қуръаи фолам.

Фусуни толиъам аз шоми навмедӣ асар дорад,
Надомат гул кунад аз шӯхию найранги омолам.

Ба ҳайрат ғӯта хӯрдам аз тамошои ҷамоли ӯ,
Ки чун ойина аз наззораи рухсори ӯ лолам.

Таназзул аз тариқи равнақи бахтам нигун созад,
Ба ҷуз идбор набвад ҳосили сомони иқболам.

Асое бар кафам имрӯз аз чӯби камон бояд,
Ки ман дар зери бори ишқи ӯ хамгашта чун долам.

Чӣ хуш гуфтаст, Туғрал, шоҳи авранги сухан Бедил:

1 Шаввол – моҳи даҳуми соли қамарӣ.

пешина
аз 312
навбатӣ