Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
«Шукӯҳу фақри мулки бениёзӣ кард таслимам».
Нола ҳамон беҳ, ки зи дил cap кунам,
Гӯши фалакро зи фиғон кар кунам!
Тифли дабистони ҷунунам кунун
Нусхаи девони ғам аз бар кунам.
Даҳр шавад сафҳа, найистон қалам,
То ғами ушшоқ ба дафтар кунам!
Дам ба дам аз шавқ чу минои май
Саҷдаи таъзим ба соғар кунам.
Рашҳаи абри карамаш ин бувад –
Ҷабҳаи худро зи арақ тар кунам!
Нест дигар бадрақае ҷуз умед,
Дар раҳи ин бодия раҳбар кунам.
Мерасадам рутбаи авранги ғам,
Хоки кафи пои ту афсар кунам.
Бар варақи шарҳи парешониям
Зулфи туро риштаи мистар кунам.
Беҳ, ки ба боғ аз қади чун сарви ту
Тарки тамошои санавбар кунам.
Бар рухи набзи раги гул ҳамчу меҳр
Сояи мижгони ту ништар кунам.
Кардӣ ту як ҷилва дар ин чашми боз,
Рақс зи шодӣ чу кабутар кунам!
Соясифат сӯи ту з-афтодагӣ
Пой надорам, қадам аз cap кунам!
Бод ба шамшери ту хунам ҳалол,
Гар сари мӯ ҳурмати ин сар кунам.
Аз ҳунари сайрафии1 нутқи хеш
Ҳалқа ба гӯши сухан аз зар кунам!
Туғрали махмури майи Бедилам,
«Бода надорам, ки ба соғар кунам!»
1 Сайрафӣ – сарроф.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё