Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ҳаловат дар дилам аз ишқи ҷонон,
Зи васлаш гаштаам чун ғунча хандон.
Ба cap аз ишқи ӯ сад шӯру ғавғо,
Ба дил аз меҳри ӯ сиррест пинҳон.
Бувад аз ханҷари мижгони нозаш
Ҳазорон рахна андар дину имон.
Яму қулзум шавад пайдо ба олам,
Бисозам гиря чун абри баҳорон.
Чӣ хуш бошад, шавад васлаш муяссар,
Суханҳо гӯям аз ҳар боб чандон.
Ибо нокарда аз лаълаш ситонам,
Иҷозат гар диҳад, бӯсе ба дандон.
Наям аз ошиқони бемурувват,
Ки рӯбам хоки роҳашро ба мижгон.
Мабодо хоре андар раҳгузораш
Зи мижгон афтаду набвад адаб он.
Занам обе ба роҳи ӯ зи дида,
Ки биншинад зи по гардаш бад-ин сон.
Ғуломи ҳалқабаргӯш аст Туғрал,
Биҷӯяд васли ҷонон аз дилу ҷон.
Марҳабо, эй дилбари симинтани симинбадан,
Ҷаъди мушкинат бувад дар гардани ҷонам расан.
То хами абрӯи пайвасти ту шуд меҳроби мо,
Фарз омад саҷда бо пиру ҷавону марду зан.
Ин ҳама бедод, ё Раб, аз куҷо омӯхтӣ?
Ҳаббазо, норафта аз лаъли лабат бӯи лабан1
Аз ҳарими даргаҳи худ дур кун ағёрро,
Зоғро лойиқ набошад ошён андар чаман!
Дидаам хубони оламро, ба хубӣ кай бувад
Чун ту шӯхе дар миёни хубрӯёни заман?!
Бӯе аз зулфаш ба Чин муставҷиби ғавғо бувад,
Ин қумоши фитнаро кас чун барад сӯи Хутан?!
Ҳамчу ман, Туғрал, касе дар ишратободи ҷаҳон
Бикри маъниро наёвардаст дар ақди сухан.
1 Лабан – шир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё