Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Қадри Масеҳо барад лаъли сухандони ӯ,
Иқди Сурайё дарад гӯи гиребони ӯ.
Равзаи Фирдавсро нисбати кӯяш мадеҳ,
Гулшани ҷаннат куҷо, тарфи гулистони ӯ?!
Шаҳнаи ҳиҷрони ӯ он қадарам дур кард,
Менарасад гарди ман ҳеч ба домони ӯ!
Мебарад аз ҳамдамон дар гарав ӯ гӯйи1 ғам,
Ҳар кӣ агар дил ниҳад дар хами чавгони ӯ.
Кӯҳи Бадахшон агар маъдани лаъл омада,
Махзани гавҳар бувад лаъли Бадахшони ӯ.
Силсилаи зулфи ӯ пой ба доман кашид,
Кай бувадаш мунтақӣ мониъи даврони ӯ?
Сайқали хуршед аз он дод ба рӯяш ҷило,
Буд ғуборе магар аз хати райҳони ӯ?!
Буд навои туаш замзамаи Туғралам,
Шуҳраи офоқ шуд з-он ҳама алҳони2 ӯ!
1 Гӯй – тӯби чавгон.
2 Алҳон – лаҳнҳо, гӯишҳо.
Шӯхе, ки бигзарад зи дили мо синони ӯ,
Бошад хаданги ҳодиса тири камони ӯ.
Дар саҳни боғ ғунчаи нашкуфта з-инфиъол
Хун мехурад зи ҳасрати рашки даҳони ӯ.
Васфи ҳадиси мӯи миёнаш чӣ сон кунам?
Тарсам, зиён расад зи сухан дар миёни ӯ!
Резад ба хок шарбати оби наботро
Вақти сухан ҳаловати шаҳди баёни ӯ.
Бодо ҳамеша, рӯзу шабу лаҳзаву замон,
Чун мардумак ба хонаи чашмам макони ӯ!
Аз ноз агарчи лаб накушояд, маро бувад
Ҷузъи карашмаи нигаҳаш тарҷумони ӯ.
Сити камоли Туғрали мо рафт дар ҷаҳон,
Азбаски шуд ба нахли сухан ошёни ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё