Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Моҳи тамоми ман, ки манам мустаманди ту,
Мурғи дилам фитода ба доми каманди ту.
Рафтори хеш кабки дарӣ тарк мекунад,
Бинад агар хироми қади дилписанди ту.
Дар мулки ҳусн хусрави фармонраво туӣ,
Дил нест дар ҷаҳон, ки набошад ба банди ту!
Эй қомати баланди ту сармашқи дилбарӣ,
Ҷонам фидои қомати болобаланди ту!
Нарди муфохарат1 зи фалак мебарад замин,
Зеро ки маҳрам аст ба наъли саманди ту.
Қурбони он шавам, ки туро офаридааст,
Дар ҳар куҷо бувад сухан аз чуну чанди ту.
Лабҳои ғунча во нашавад, гар равӣ ба боғ,
Аз шарми хандаи лаби ширин зи қанди ту.
Ёд аз ҳавои саҷдаи абрӯт мекунад
Туғрал, накарда ваҳм зи теғи паранди ту.
1 Муфохарат – ифтихор.
Дилбарамро ҳаст, гӯё, сайри саҳро орзу,
Лоларо бошад аз он доғи сувайдо орзу.
Ҳар замон мадди нигаҳро рухсати наззора кун,
Бошадат гар аз ҷамоли ӯ тамошо орзу.
Як сухан аз лаъли ҷонбахшаш туро кофӣ бувад,
Гар бувад дар дил туро эъҷози Исо орзу.
Ман гирифтори ваям, булбул асири гул бувад,
Ҳар киро бошад ба дил навъе таманно орзу.
То тавонӣ, гир аз майхонаи чашмаш қадаҳ,
Гар туро бошад хаёли ҷому мино орзу.
Гар азизи Мисрро маҳрам шуд, аммо кай бувад
Ҷуз ҳавои ишқи Юсуф бо Зулайхо орзу?!
Ҳалқаи занҷири ӯ аз ҳалқаи чашмам кунед,
Гар бувад ёри маро халхол1 дар по орзу.
Хондаам бисёр аз лавҳи китоби навхатон,
Туғрали морост акнун хатти туғро орзу.
1 Халхол – ҳалқа ё зеваролоте, ки бонувон дар Шарқ дар банди по мебанданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё