Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Эй ишқ, балои ҷон шудастӣ,
Андар дили нотавон шудастӣ.
Кардаст маро фироқ пирам,
Бо ту нигарам, ҷавон шудастӣ.
Розам зи ту гашт ошкоро,
Ту аз чӣ ба дил ниҳон шудастӣ?
Рӯҳам, ки равон шуда ба кӯяш,
Бо рӯҳи манат равон шудастӣ.
Чун тир маро ту рост дидӣ,
З-он рӯй маро камон шудастӣ.
Ёрам ба ман ошно намудӣ,
Аъдои ман ин замон шудастӣ.
Дар ҳар тарафе давонам аз ту,
Ҳар ҷо, ки равам, давон шудастӣ.
Имрӯз ба марғзори ҳуснаш
Дар галлаи ғам шубон шудастӣ.
Сабре бикун, эй дили балокаш!
Хомӯш, ки пурфиғон шудастӣ!
Ҷовид бимон ба ишқ, Туғрал,
Бо ишқ ту ҳамзабон шудастӣ!
Эй ғунчаи хандони ман, аз бӯстони кистӣ?
В-эй душмани имони ман, аз дӯстони кистӣ?!
Тире зада бар ҷони ман мижгони новакафканат,
Эй турки тирандози ман, абрӯкамони кистӣ?!
Сарви қадат андар чаман бишкаст қадри норван,
Эй аръари тӯбишикан, сарви равони кистӣ?!
Ман тӯтиям шаккаршикан, Ҳиндустонам зулфи ту,
Бо холи ҳиндуи лабат Ҳиндустони кистӣ?!
Аз лаъл меорад бурун гавҳар Бадахшони лабат,
Эй сад Бадахшон дар лабат, ту худ зи кони кистӣ?!
Нолидам аз шаб то саҳар, бишнидӣ афғони маро,
Як раҳ нагуфтӣ, эй санам, к-андар фиғони кистӣ?!
Ҷони маро бе рӯи ту ором набвад дар бадан,
Баҳри Худо, бо ман бигӯ, ороми ҷони кистӣ?!
Дерест бо фикри расо сайди маонӣ мекунӣ,
Эй Туғрали авҷи сухан, аз ошёни кистӣ?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё