Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Мискин хурад, Ҳотам шавад, зиафсари1 хотам шавад, Ҳар дун чашад, Рустам шавад, мулки Сиистон парварад!
Гар баҳра гирад дев аз ӯ, маъдум гардад рев аз ӯ, Ҳамчун масофи Гев аз ӯ дар ҷанги туркон парварад!
Андар хароботи муғон яксар ҳама, пиру ҷавон, Аз ваҷд гӯянд ҳар замон: «Май деҳ, ки деҳқон парварад!»
Мутриб, ба савти арғанун лаҳни ироқиро кунун Аз пардаат овар бурун, маҷлис гулистон парварад!
Ҳай май бидеҳ, ҳай май бикаш, ҳай май бихур, ҳай бода чаш, Нӯш аз майи хуршедваш, обест, инсон парварад!
Ҷоми ҷаҳонбинаш лақаб, аз соқии гулрӯ талаб, Ёре бувад ёқутлаб, чун ғунча хандон парварад!
Зулфи сиёҳаш сарнигун, море, ки бошад пурфусун, Бар гардани худ зуфунун доме, ки печон парварад!
Сарву санавбар аз қадаш, хуршеди тобон аз хадаш, Бишкаста байзоро ядаш, луълу зи дандон парварад.
Чашмаш ба ҳангоми нигаҳ з-абрӯ қузаҳ, тир аз мижаҳ, Хуни ҳазорон бегунаҳ бар хок яксон парварад.
Норе бувад рухсори ӯ, море бувад зуннори ӯ, Бе нори ӯ бемори ӯ бо худ чӣ дармон парварад?!
Бар орази ҳамчун шафақ, бингар, чӣ хуш бошад арақ, Гулбарги рӯяш ҳар варақ даъвӣ ба бурҳон парварад!
Гул мунфаъил аз рӯи ӯ, шабнам хиҷил аз хӯи ӯ В-аз кокулу гесӯи ӯ сунбул парешон парварад.
Хизри хаташ ҳодӣ маро, бар оби ҳайвон раҳнамо, Искандар, аз зулмат баро, зеро ки нуқсон парварад!
Ҳиндуи холашро нигар, бар мусҳафи рӯяш магар Тарсои шӯхи бехабар дар ҳифзи Қуръон парварад?!
Аз рух ниқоб андозад ӯ, маҳ дар ҳиҷоб андозад ӯ, Ҳамчун шаҳоб андозад ӯ тире, ки пайкон парварад.
Ояд ба сӯи бӯстон баҳри тамошо ақҳавон, Сад чашм орад, то ки он худро нигаҳбон парварад!
Аз лаълат, эй зебосанам, фармон бидеҳ, бӯсе занам,
1 Зиафсар – соҳиби тоҷ ё кулоҳи шоҳӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо