Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Холи сиёҳат барканам, ҳинду на имон парварад!
Бӯсе агар надҳӣ маро, эй дилбари гулгунқабо,
Лабро кушоям бо ҳиҷо, ҳарфе, ки чандон парварад.
Лутфат ба Туғрал ом кун, бӯсе бад-ӯ инъом кун,
Сархуш варо бо ҷом кун, то мадҳи султон парварад.
ҚАСИДА ДАР МАДҲИ ПОДШОҲ ДАР ҶАВОБИ
ҚАСИДАИ ҲАКИМ АВҲАДУДДИНИ АНВАРӢ
Дӯш ошуфтаву нажанду ҳазин
Ҷониби боғ рафтам аз раҳи кин,
То кунам рафъи кулфати пажмон
Аз тамошои лолаву насрин.
Мегузаштам, ки бар лаби ҷӯе
Саф зада як биҳишт ҳуриъин.
Гуфтамаш бо худ: Ин магар хоб аст,
Ки бидидам ба хоб хулди барин?
Ҷуръати рафтанам набуд, валек
Амр шуд, ки биё, ба ҳалқа нишин!
Беибо рафтаму нишастам ман,
Ҷой доданд бо мани мискин.
З-он миён аз яке ишорат шуд,
Кард таъзиму бӯса дод замин.
Рафту овард соғару саҳбо,
Мутрибу чангу шоҳиди ширин.
Бикри зар дар никоҳи шодӣ шуд,
Ки зи мастӣ бад-ӯ диҳад кобин.
Нойӣ оғози нолаи най кард,
Ёфт базм аз дамаш басе тазмин.
Ман ба ҳайрат, ки ин чӣ базм бувад,
Ки надидам ба умри хеш чунин.
Посухам дод з-он миёна яке,
К-ин бувад аҳди давлати шаҳи дин.
Маснадорои кишвари олам,
Корфармои кешу миллату дин.
Он фалакчокаре, ки аз сатват
Дами теғаш зи хун бувад рангин.
Шаҳрёре, ки аз бузургии ӯ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо