Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чарх молад ба остон-ш ҷабин.
Лиллаҳулҳамду вассано, ки туӣ
Ҳомии миллату ҳимояти дин.
Аз вуҷуди ту дӯстон шоданд
В-аз ниҳеби ту душманон ғамгин.
Сели тӯфонӣ, гар биҷунбӣ зи ҷо,
Кӯҳи Қофӣ, намоӣ гар тамкин.
Қатраи обе аз дами теғат
Оташи фитнаро диҳад таскин.
Подшоҳон ҳама пиёда шаванд,
Роизи худ кунӣ ту аз фарзин.
Дарад аз ваҳм заҳраи хоқон,
Азми рафтан кунӣ ба ҷониби Чин.
То назояд замона амсолат,
Кадхудои сипеҳр шуд иннин1.
Аз саҳоби адолатат имрӯз,
Чун ҳубоб аст хонаи хоин.
Кист к-ӯ нест дар ҷаҳон набувад,
Баҳри таъзими ту сараш ба замин.
Ҳаст хасмат, агарчи Ҷамшед аст,
Мӯҷиби лаъну лоиқи нафрин.
Натавонад муҳандиси кайвон.
Рифъати қадри ту кунад тахмин.
Дев фармонбари Сулаймон шуд,
Баски номи ту кард нақши нигин.
Душмани ту агарчи Баҳром аст,
Менамояд ба чашми ту чӯбин.
Пешат ояд барои қатъи низоъ
Кабку бозу кабӯтару лочин.
Гӯсфанд аз адолатат ба писар
Духтари гургро кунад келин.
Хатти эҳзори ту барад оҳу,
Баҳри даъвӣ ба назди шери арин2.
Аз тақозои ҳукми ту теҳу

1 Иннин – ҳез
2 Шери арин – шери беша.

пешина
аз 312
навбатӣ