Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Назми туро Низомӣ муқаллид чаро шавад,
З-ин шева ҷони худ бирасонад агар ба лаб?!
Дар аҳди худ, ки маркази паргори донишӣ,
Дар иҷтимоъи ҳалқаи маҷлис тӯӣ сабаб.
Дар ҳар куҷо, ки аҳли сухан хаймае заданд,
Моно, дар он мақом тӯӣ маншаи тараб.
Ишколи ҷумлагӣ ҳама ҳал аз ту мешавад,
Хоҳӣ сухан зи асл бувад, хоҳ аз насаб.
Баъзе дар он миёна бувад афзалинтисоб,
Лутфи калом баъзе дигарро бувад ҳасаб.
З-ин ҷумла кори баъз бувад навҳаи сафар
В-он дигаре ба кори дигар гашта музтараб.
Эй он ки мулки назм шуморо мусаххар аст,
Аз ҷумла кай марост таманно яке талаб:
Дорам хаёли он, ки мисам кимиё шавад,
Ҷуз ин мурод ҳеч нахоҳам ба рӯзу шаб!
Бо Туғрал он дуо, ки қарини иҷобат аст,
Созанд ҳадя, то шавадаш ёр лутфи Раб.

ҚАСИДА ДАР МАДҲИ ГУЛШАНӢ

Соқӣ, бидеҳ ҷоми май, равнақи гулзор шуд,
Чанг бизан, мутрибо, чашм басе тор шуд.
Ҳай, ту барор аз ҳарам духтари разро ба боғ,
Чист тааммул бувад, гул ба сари хор шуд!
Ҳай, ту ба тори рубоб нохуни мизроб зан,
Гӯш ба ҳар парда тоб, айш ба якбор шуд.
Хез, ки омад баҳор, вақти гул асту ҳазор,
Саҳни чаман з-ин шиор таблаи аттор шуд.
Сулсулу кабку тазарв нағмасаро зери сарв,
Бар забари шохи гул балбалаи сор шуд.
Фохтаву андалеб, тӯтию товусу зоғ
Баҳри тамошо ба боғ бар сари девор шуд.
Гул ба чаман ҷомаро карда зи мастӣ қабо,
Аз майи айшаш сабӯ, гӯӣ ту, саршор шуд.

пешина
аз 312
навбатӣ