Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ғунча даҳан карда во, ханда зада беибо,
Навбаташ аз бехудӣ як-ду-се такрор шуд.
Булбули бедил, шунав мадҳи гул аз Гулшанӣ,
К-аш зи хиромаш чаман гулшани ашъор шуд.
Бонии қасри сухан, Монии нақши заман,
Гавҳару дурри Адан аз суханаш хор шуд.
Он ки ба чавгони назм гӯй зи Саъдӣ барад
В-он ки ба дониш аз ӯ Бӯалӣ бекор шуд.
Он ки зи роҳи сухан фусҳати Саҳбон шикаст
В-он ки ба Ҳассон маро нисбати ӯ op шуд.
Мӯй шикофад ба назм, гӯй ситонад ба азм,
Ҳар чӣ ки ӯ кард ҷазм, луълуи шаҳвор шуд.
Он ки ба фазлу камол таъна занад бо Камол
В-он ки ба ҷуду навол марҳаматисор шуд.
Баҳр ба пеши дилаш рехта буд аз сароб,
Абр ба назди кафаш омада бемор шуд,
Аз қалами мушкбор ҳар чӣ ки бинвишт ӯ,
Бар сари набзи хирад лек чу тӯмор шуд.
Субҳ, ки аз содиқӣ дам зада бар садди Шарқ,
Аз дами субҳидамаш дам ба дами нор шуд.
Хоки Самарқандро таъна сазад бар фалак,
К-аш ба сари ӯ туро шеваи рафтор шуд!
Эй ба ҳама илм як, з-омаданат хушдилам,
Аз чӣ фаромӯши ту силсилаи пор шуд?!
Эй ки напурсӣ маро омада дар кулбаам,
Дидаи ман з-интизор дар раҳи ту чор шуд.
Гӯш ба арзам намо, бин, ки чӣ гӯям туро:
Кулбаи аҳзони ман бар рухи ту зор шуд!
Туғрали ошуфтаам, мадҳи туро мекунам,
Хилъати меҳмоният зодаи афкор шуд!

ФИРОҚНОМА
(Дар ҷавоби «Фироқнома»-и
Ҳаким Анварӣ ва Хоҷуи Кирмонӣ)

пешина
аз 312
навбатӣ