Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Биё, соқӣ, минои майро барор,
Ки бурда шуури ҳарифон хумор!
Ба ҷоме, ки Ҷамшед ҳасрат барад,
Бидеҳ, то гиребони ғамро дарад!
Биё, соқӣ, гул ханда зад дар чаман,
Парешон зи боди сабо шуд суман!
Майи софро соғар аз лола кун,
Зи дил дафъи ғамҳои садсола кун!
Биё, соқиё, кӯҳу саҳрову дашт
Саропо чу хатти лаби ёр гашт!
Ҷаҳон равнақ аз Хизри раҳбар гирифт,
Дилам майли минову соғар гирифт.
Биё, соқиё, соз айш ифтитоҳ,
Намо бикри разро ба шодӣ никоҳ!
Хатиби суроҳӣ, бикун хутба cap
Ба оҳанги қул-қул, ба сад шӯру шар!
Биё, соқӣ, эй мояи хуррамӣ,
Биё, эй гули гулшани беғамӣ!
Ҳамоҳанги фарёд чун булбулам,
Зи минот муштоқи як қул-қулам.
Биё, соқӣ, маҷбури даврон шудам,
Фалак бар cap овард рӯзи бадам.
Ба як соғари май маро гир даст,
Ки ман аз азал омадам майпараст.
Биё, соқӣ, эй дастгири ҳама,
Туӣ дар харобот пири ҳама.
Typo субҳа аз дони ангури шавқ,
Typo саҷда бар тоқи абрӯи завқ,
Биё, соқӣ, субҳи буногӯши ту,
Биё, соқӣ, лабҳои майнӯши ту,
Яке аз сипеҳри тараб дам занад,
Яке ханда бар ҳоли мотам занад!
Биё, соқӣ, май деҳ, ки мастам кунад,
Зи мастӣ маро бутпарастам кунад!

пешина
аз 312
навбатӣ