Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Суҷуд оварам тоқи абрӯтро,
Бутонро парастам, на тоғутро!
Биё, соқӣ, эҷоди майхона соз,
Зи лойи таги бода паймона соз,
Ки паймона аз лойи май гар кунӣ,
Куҷо фикри Искандару Кай кунӣ?!
Биё, соқӣ, афтодам аз ёр дур,
Ба ҷоме, ки бахшад диламро сурур.
Карам кун маро, з-он ки ҳастам ғариб
Зи ҳиҷрони дилдору буъди ҳабиб.
Биё, соқӣ, эй ман ғуломи дарат,
Ту шоҳию ман камтарин чокарат!
Ба махмуриям ҷоми шоҳона деҳ,
Маро гар диҳӣ май, ба паймона деҳ!
Биё, соқӣ, мурдам ман аз дурият,
Чу ойина маҳвам зи маҳҷурият.
Биё, акси рухсораи худ намо,
Ки то дидаамро фазояд ҷило!
Биё, соқӣ, аз бода кун розиям,
Барад фикри мустақбалу мозиям!
Зи махмурии май маро ҳол бин,
Танам гашта аз заъф чун нол бин!
Биё, соқӣ, савсан забони сано
Баровардааст ток дасти дуо.
Яке мефиристад санои туро,
Ба омин кушода яке панҷаро.
Биё, соқӣ, бо дидаи ашкбор
Ба роҳат шуда чашми наргис дучор,
Ки то сарви қаддат тамошо кунад,
Чу бо қумрӣ ин роз ифшо кунад.
Биё, соқӣ, эй нахли шодисамар,
Биё, эй санавбарқади мӯкамар!
Аз он май, ки токаш санавбар бувад,
Зи кайфийяташ шӯри маҳшар бувад!

пешина
аз 312
навбатӣ