Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Биё, соқиё, фасли Наврӯз шуд,
Гули боғ аз ту дилафрӯз шуд!
Қадаҳ гир бо дасти байзои худ,
Тунукзарфи майхора кун озмуд.
Биё, соқӣ, умри ту ҷовид бод,
Маро рӯзи васли ту омад ба ёд!
Руфӯ чоки рӯи фироқам намо,
Зи мавҷи майи васл кун риштаро!
Биё, соқӣ, эй ахтари шабфурӯз,
Биё, эй рухат шамъи парвонасӯз!
Ба гирди сарат ҳамчу парвонаам,
Бидеҳ май, ки муштоқи паймонаам!
Биё, соқӣ, эй чеҳраат субҳи дайр,
Биё, оқибат аз ту гардад бахайр.
Бикун маст, аз зӯри май ҳу кашам,
Ҳама рахти худ ҷониби ӯ кашам!
Биё, соқӣ, эй нури чашмони ман,
Биё, соқӣ, эй равнақи ҷони ман!
Зи ҳаҷри ту аз дидаам рафта нур,
Маям деҳ, ки дурам зи ақлу шуур!
НАВРӮЗНОМА
Ало, эй он, ки шуд иқбол ёвар,
Ба суккони дарат алтоф бовар!
Туӣ пушту паноҳи халқи олам,
Ба дилрешон туӣ пайваста марҳам.
Ба расми туҳфа кардам нусхае чанд,
Ба номат аз камоли лутф бинанд.
Ба ҳад соле зи ҷумъа то душанбе(ҳ)
Қиёсе кун аз он солаш баду беҳ.
Агар шанбе ояд рӯзи Наврӯз,
Бувад он сол пурбарф, эй дилафрӯз!
Бувад он сол хушку нарх арзон,
Агарчи камтар орад абр борон.
Бувад нуқсони дахлу мева камтар,
Шавад дар соли дигар ғалларо бар.
Валекин кӯдаконро марг бошад,
Аз он нахли падар бебарг бошад.
Агар Наврӯз дар якшанбе ояд,
Ба назми ин сухан фикре биёяд.
Зимистон тангу сармо саҳл бошад,
Ба сарҳо кай ситези ҷаҳл бошад?!
Шавад борони бисёре баҳорон,
Шавад тағйири пунба, ғалла арзон.
Валекин мевааш бисёр гардад,
Баҳори хуб, пур анбор гардад.
Агар душанбе ояд рӯзи Наврӯз,
Ба некиҳои ғалла чашмро дӯз.
Зимистон хушку сармо сахт ояд,
Зимистон пӯстин пуррахт бояд.
Шавад он сол дахли ғалла некӯ,
Вале султон ба лашкар оварад рӯ.
Шавад он сол нархи ғалла арзон,
Агарчи мешавад дар ғалла нуқсон.
Намедонад касе онро, ба ҳар ҳол,
Шавад ғалла гарон дар охири сол.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо