Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба хоки мазаллат1 бияфтодагон,
Ба гирдоби меҳнат фурӯрафтагон,
Ба нозукхаёлони байти дақиқ,
Ба онҳо, ки доранд фикри амиқ,
Ба доғи дили лола дар кӯҳу дашт,
Ба пироҳани гул, ки садчок гашт,
Ба шавқи Зулайхо, ки Юсуф харид,
Ба хобе, ки таъбираш омад падид,
Ба ширинии бодаи иттисол,
Ба айёми фурқат, ба рӯзи висол,
Ба рангинии чеҳраи гулъизор,
Ба ошуфтагиҳои зулфи нигор,
Ба парвонаи шамъи базми вафо,
Ба гармии бозори нозу адо,
Ба гулгунии чеҳра аз тоби май,
Ба чангу рубобу ба танбӯру най,
Ба майхонаву сақфу девору дар,
Ба зарбёву афғони бо шӯру шар,
Ба кукуи қумрию бо саҳни боғ,
Ба кабку тазарву ба буму ба зоғ,
Ба товусу бо сад ҳазор обуранг,
Ба нақши саропои пушти паланг,
Ба маҳви тамошои чашми қадаҳ,
Ба обе, ки дил ёбад аз ӯ фараҳ,
Ба тоқи ду абрӯи меҳроби ту,
Ба дурҷи лаби лаъли сероби ту,
Ба бонги суроҳию нӯши лабон,
Ба гулгунии ҳар ду лаълат, забон,
Ба гавҳарфишонӣ ба вақти сухан,
Ба дур суфтани мисқаби2 он даҳан,
Ба хандидани лаъли майгуни ту,
Ба рақсидани қадди мавзуни ту,

1 Мазаллат – хорӣ, зиллат.
2 Мисқаб – парма, олати шикофкунанда.

пешина
аз 312
навбатӣ