Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба шамъи таҷаллӣ, рухи анварат,
Ба парвонаи зори гирди сарат,
Ба махмурии наргиси масти ту,
Ба моҳии дил бурдани шасти ту,
Б тарзи хиромат ба тарафи чаман,
Ба ошуфтани сунбули ёсуман,
Ба дасте, ки бошад карам хӯйи ӯ,
Ба зулфе, ки бошад Хутан бӯйи ӯ,
Ба пироҳани нозук аз барги гул,
Ба ҷоми сароҳию саҳбову мул,
Ба печу хами тоби гесуи ту,
Ба рам хӯрдани чашми оҳуи ту,
Ба тири хаданги нигоҳат қасам,
Ба зуннори зулфи сиёҳат қасам,
Ба наврустагиҳои Хизри хатат,
Ба себи сифоҳонии ғабғабат,
Ба бодоми чашму анори бағал,
Ба хубит аз котиби ламязал,
Ба нури басар, яъне хоки раҳат,
Ба бадри тараб, яъне рӯйи маҳат,
Ба рашҳи ҳаёти ту, яъне шароб,
Ба қувватғизои ту, яъне китоб,
Ба тарзи парешонии кокулат,
Ба серобии рӯйи барги гулат,
Ба урёнии теғи хунрези ту,
Ба бераҳмии ханҷари тези ту,
Ба шамшоди тӯбо, ба сарви баланд,
Ба мавҷи хироми қади дилписанд,
Ба саҳбову соғар, ба софу ба дурд,
Ба ҳар кас, ки аз бодаат баҳра бурд,
Ба авродхонони дар хонақоҳ,
Ба пашминапӯшони таркашкулоҳ,
Ба тороҷҳуши ҳарифони ман,
Ба яғмои фаҳми муқимони ман,

пешина
аз 312
навбатӣ