Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба афғони булбул ба гулзор зор,
Ба шодии онони дилдорвор,
Ба ангур, бо панҷаи ток ҳам,
Ба афлок, бо хиттаи хок ҳам,
Ба рахшандакайҳони мисбоҳбахт,
Ба иқболи рангини ботоҷу ба тахт,
Ба субҳи буногӯши Лайливашон,
Ба меҳри сипеҳри дили ғамкашон,
Ба сӯрохи ин синаи чоки ман,
Ба захми дили доғи ғамноки ман,
Ба туйғуни зарринпари офтоб,
Ба шоҳини симинтани моҳтоб,
Ба аҷзу ниёзи мани мустаманд,
Худоро, дари лутф бар ман мабанд!
Ки даврони дун карда ҳолам табоҳ,
Ба ғайр аз ту дигар надорам паноҳ.
Киро такя созам, ки соқӣ туӣ,
Ҷаҳон ҷумла фонию боқӣ туӣ.
Туӣ сатри дебочаи лавҳи дил,
Диҳад бодаат нашъаи Салсабил.
Маям деҳ, ки бошад фалак соғараш,
Зи софӣ занад таъна бо Кавсараш.
Аз он май, ки бошад зи ангури дил,
Бувад дурди ӯ соф аз Салсабил.
Аз он май, ки дафъи хуморам кунад,
Аз он май, ки маҷнуншиорам кунад.
Аз он май, ки чун лаъли гулгун бувад,
Дили ғунча аз накҳаташ хун бувад.
Аз он май, ки ширин бувад чун висол,
Зи мастӣ чу ошиқ кунад гунгу лол.
Аз он май, ки як ҷуръа ҳангоми нӯш
Занад ҷӯш дар хирмани ақлу ҳуш.
Аз он май, ки ёқут рангаш бувад,
Аз он май, ки мастӣ ба ҷангаш бувад.

пешина
аз 312
навбатӣ