Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ҳила бисёр аст хӯи нопушаймони туро.
Бар сарам бахти сияҳ имрӯз кам аз тоҷ нест,
Оби ин сарчашмаро ҷӯши ғами амвоҷ нест,
Ҷуғзи девори муҳаббат ҳамдами дурроҷ1 нест,
Пайкари Маҷнун ба ташрифи дигар муҳтоҷ нест,
Кисвати хоро ҳамон зебост урёни туро!
Туғрало, фикрат кабоб аз милҳи маънӣ мепазад,
Мустамеъ то ҳашр аз лафзи ту шаккар мемазад,
Ҳар кӣ ашъори ту дид, ангушти ҳайрат мегазад,
Бедил, аз рангинхаёлиҳои фикрат месазад
Ҷадвали ранги баҳор авроқи девони туро!
МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ НОЗИМ
Қумоши ноларо бо ноқаи тамкин даро кардам,
Фиғонро соябони маҳмили роҳи садо кардам,
Ба оҳанги ҷарас фарёди «Ушшоқ» аз наво кардам,
Хамӯширо забон додам, адабро беибо кардам,
Ба ҷонон, ҳар чӣ бодо, бод, арзи муддао кардам!
На аз тавфи ҳарам гаштам ба хоки кӯи ӯ восил,
На аз майхона равшан шуд ҷафои ишқи ӯ дар дил,
На аз ҳақ раҳ тавон бурдан ба сӯи ӯ, на аз ботил,
На аз куфру на аз ислом шуд мақсуди ман ҳосил,
Ғалат кардам, ки дайру Каъбаро тамҳиди2 по кардам.
Аз он рӯзе, ки Шабдизи саодат зери борам буд,
Чу Иброҳими Адҳам шеваи тақво шиорам буд,
1 Дурроҷ – парандае аз ҷинси кабк.
2 Тамҳид – ҳамвор кардан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо