Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ҳамеша субҳаи саддонаи зоҳид шуморам буд,
Каманди ҷазбаи тавфиқ имшаб дар канорам буд,
Ғазола дар назар бисёр шӯх омад, хато кардам.
Гуландоме, ки дар боғи латофат базм орояд,
Зиёи офтоб аз чоки ҷайби хеш бинмояд,
Ба ҷуз ман ин муамморо каси дигар набикшояд,
Зи ангуштам шамими ғунчаи фирдавс меояд,
Намедонам, саҳар банд аз гиребони кӣ во кардам!
Манам имрӯз нахле аз риёзи боғи райёзӣ,
Агар хушкам вагар сабзам, ба ҳукми ӯстам розӣ,
Ба ҳоли хеш хурсандам ман аз мустақбалу мозӣ,
Зи абри файзи найсонам гули шодоби файёзӣ,
Майи ноб аз қадаҳ нӯшидаму хумро дуъо кардам.
Давоти килки қудрат аз маъосӣ дуда мехоҳад,
Асоси ҳашматаш кай хотири осуда мехоҳад?!
Зи буди хештан бигзар, ки ӯ нобуда мехоҳад,
Муҳити раҳмати ӯ домани олуда мехоҳад,
Гуноҳеро, ки аз дастам намеояд, қазо кардам!
Ба қонуни муҳаббат аз заифӣ мӯр гардидам,
Ба ойини ҷунун маҷнунсифат бо гӯр гардидам,
Ба роҳи ишқбозӣ рафтам, аз худ дур гардидам,
Ба мизроби фано чун косаи танбӯр гардидам,
Ба ранги зарди ушшоқона оҳанги садо кардам!
Димоғи ғунча кай тоби дами боди сабо дорад?!
Садаф, то нашканӣ, ҳаргиз гуҳар берун намеорад!
Танаш, тарсам, ки таҳрики насими субҳ озорад,
Лабаш, к-аз нозукӣ бори табассум барнамеорад,
Ба хун ғалтидам имрӯзаш, ба дашном ошно кардам!
Хаданги сайди маъниро туӣ ҳамчун камон, Нозим,
Риёзи мӯшикофиро туӣ сарви чамон, Нозим,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо