Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо хаёли савдояш умри худ адо кардам,
Дар ҳавои васли ӯ дӯш гиряҳо кардам,
Қатра-қатра ашки ман дона-дона марҷон шуд.

Лашкари аламҳояш карда дар дилам манзил,
Аз натиҷаи ишқаш ҷуз ситам нашуд ҳосил,
Мурдам аз ғами ҳаҷраш, то шудам ба ӯ восил,
Бе тараддуди асбоб ҳал намешавад мушкил,
К-аз кашокаши нохун кори уқда осон шуд.

Бӯалӣ бувад пешам дар сулуки маҷнунӣ,
Донишам кунад акнун аз Арасту афзунӣ,
Синаи Балиносаш1 Туғралам кунад хунӣ,
Гашт ҳосили Шоҳин шавкати фалотунӣ,
Баъд аз ин ба Хатлон ҳам гирудори Юнон шуд!

МУХАММАС БАР
ҒАЗАЛИ ГУЛШАНИИ БУХОРОӢ

Ба имон оварад куфри сари зулфи ту имонро,
Тасалсулҳо ба даври моҳи рӯят аҳли давронро,
Ба қимат бишканад марҷони гуфтори ту марҷонро,
Ба оташ афканад лаъли лабат лаъли Бадахшонро,
Қади сарви ту биншонад зи по сарви гулистонро.

Ба иқлими малоҳат то шудӣ якто ба яктоӣ,
Рабудам гӯи ишқатро ман аз танҳо ба танҳоӣ,
Бувад ҷоям сари кӯят, наям азбаски ҳарҷоӣ,
Маро савдои зулфайни ту охир кард савдоӣ,
Парешонхотирам, то дидаам зулфи парешонро.

Танам камтар зи хоки роҳ дар роҳи ту мегардад,

1 Балинос – ҳакиме аз надимони Искандар.

пешина
аз 312
навбатӣ