Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Мухаммас кард назмат Туғрали ширинзабон, Нозим,
Чӣ роҳат дар ҷаҳон дидам мани бехонумон, Нозим?!
Дами обе агар чун абр хӯрдам, гиряҳо кардам!
МУХАММАС БАР
ҒАЗАЛИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН
Ҷаъди туррааш дидам, хотирам парешон шуд,
Ёди оразаш кардам, кулбаам гулистон шуд,
Дарси меҳнаташ хондам, мушкилотам осон шуд,
Маҳви ҷилвааш гаштам, то рухаш намоён шуд,
Рафтам он қадар аз худ, к-ойина басомон шуд.
Ноқаи сиришки ман баста дар раҳаш маҳмил,
Аз сипеҳри чашмонам дам ба дам шавад нозил,
Беибо ба пои ӯ мефитад аз ин ғофил,
Гиряе намесозад манъи инбисоти дил,
Ғунчаро куҷо шабнам тугмаи гиребон шуд?!
Бар сарам зи ҳиҷронаш шӯриши қиёмат рафт,
Аз ҳавои ишқи ӯ беҳадам маломат рафт,
Ҳосили умеди ман ҷумла дар ғаромат рафт,
Андак-андак ин уммед дар паи надомат рафт,
Пушти дасти мо кам-кам назри захми дандон шуд.
Гирудори сад Мӯсо аз таҷаллии Тур аст,
Шавкати сулаймонӣ дар тараҳҳуми мӯр аст,
Субҳи матлаби ошиқ баъди шоми дайҷур1 аст,
Реша то давонад ток, ҷилвагоҳи ангур аст,
Кӯшише ба арз омад, обила намоён шуд.
Киштии умедамро з-ашк нохудо кардам,
Дар муҳити андӯҳаш беибо раҳо кардам,
1 Дайҷур – торик, тира.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо