Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Як сухан аз лаъли хомӯши ту дорам орзу,
Ҷуз майи васлат маро набвад ба олам ҷустуҷӯ,
Акси рухсори ту дар ойинаи дил рӯбарӯ,
Ҳамчу тӯтӣ бо рухат пайваста дорам гуфтугӯ,
Ганҷсон вайронаи дил манзилу маъвои ту!
Бо кадомин гуфтугӯ васфи туро созам баён?!
Аз забони зарра н-ояд мадҳи хуршеди ҷаҳон!
Баски мумтозӣ зи хубон ҳамчу маҳ аз ахтарон,
Лабшакар, дандонгуҳар, гулпираҳан, абрӯкамон,
Мулки хубӣ тай намудам, нест як ҳамтои ту!

Ҷон зи тан ояд бурун, н-ояд зи дил ишқат бурун,
То ба кай созӣ ҷафо? Бар ҳоли зорам раҳм кун!
Тоқату сабру қарорам рафтаву ҳолам забун,
Месазад, гирад зи ман Маҷнун таълими ҷунун,
Тӯтиёи чашм созам хоки кафши пои ту!

Эй ки дар гулзори хубӣ чун ту гулро кас надид,
Аз чаманзори ҷамолат ғунчаеро кас начид,
Қоматат аз ҷӯйбори ноз cap боло кашид,
Сабзаи лаъли лабат то дар лаби Кавсар дамид,
Мечарад оҳуи ишқи ман чу дар саҳрои ту.

Нол гашта ин тани маҳҷури бесабрушикеб,
Кош, аз шамъи ҷамолат кулбаам ёбад насиб,
Нахли ин гулшан самар овард аз номат чу себ,
Камтарин аз хокбӯсони сари кӯят Нақиб,
Ҷуръаи роҳат нашуд дар комам аз саҳбои ту!

пешина
аз 312
навбатӣ