Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

МУСАДДАСОТ

МУСАДДАС

Маҳро чӣ муносибат ба рӯят!
Гулро чӣ масал ба рангу бӯят?!
Оташ нашавад ҳарифи хӯят,
Фирдавс намунае зи кӯят,
Бинад ба чаман қади накӯят,
Сулсул биравад зи боғ сӯят!

Ё Раб, чӣ бало, ту нозанинӣ,
Меҳри фалаку маҳи заминӣ,
Сар то ба қадам ту ангубинӣ,
Ангуштари ҳуснро нигинӣ!
Ойина фитад агар ба рӯят,
Ҳайрон шавад аз рухи накӯят!

Рухсори ту таъна карда бо гул,
Чоҳи зақанат ба чоҳи Бобул,
Зулфи сияҳат ба ҷаъди сунбул,
Тарзи нигаҳат ба нашъаи мул!
Гул ҷома дарад зи шавқи рӯят,
Анбар шиканад зи қадри мӯят!

Заҳри ғами ишқи ту чашидам,
Роҳат сари мӯ зи ту надидам,
Бори аламат басе кашидам,
То он ки ба ошиқӣ расидам,
Эй он ки манам дар орзӯят,
Рӯзону шабон ба ҷустуҷӯят!
Ғайр аз ғами ту ба cap надорам,
Дар ишқи ту зору беқарорам,
Васфи ту бувад ҳамин шиорам,
Дар гулшани мадҳи ту ҳазорам!
Ҳарчанд на маҳрамам ба кӯят,
Шодам ба ҳадиси гуфтугӯят!

Эй рӯи маҳи ту офтобам,
Печу хами зулфи ту танобам,
Ҳар қатраи шабнамат гулобам,
Дар оташи ишқи ту кабобам!
Фарёд зи дасти хулқу хӯят,
Як ҷуръа надидам аз сабӯят!

Нахлест қадат зи боғи хубӣ,
К-аш таъна занад ба сарву тӯбӣ,
Юсуф ба дарат ба хокрӯбӣ,
Ҷӯёни ту шарқию ҷанубӣ,
Дар ҳар чаманест обрӯят,
Дар ҳар ватанест гуфтугӯят.

Як бор напурсӣ ҳоли Туғрал,
Маҳҷур ту аз висоли Туғрал,
Доим туӣ дар хаёли Туғрал,
Донӣ ту агар камоли Туғрал,
Аз лутфу карам барӣ ба сӯят,
Ҳамдам кунӣ бо сагони кӯят!

МУСАДДАСИ ТАРҶЕЪБАНД

Ба Қофи ғам на туӣ, қасди эътикоф кунам,
Саҷанҷали1 дилам аз занги ғайр соф кунам,
Агарчи Юсуф аст, инкори эътироф кунам,
На ҳамчу булҳавасон даъвии газоф кунам,

1 Саҷанҷал – ойина.

пешина
аз 312
навбатӣ