Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба Маҷнун ҳамдаму аз оқилу доно ҳазар дорад,
Рафиқи ман бувад ҳар кас, ки ин савдо ба cap дорад,
Ғуломи хубрӯён гашта, аз олам гузар дорад,
Давомулвақт1 тақвои ҷамолаш дар назар дорад,
Саводи зулмати шомам дами файзи саҳар дорад,
Агар домони васли он маҳи тобон ба чанг омад.

Дили ман сарбасар дар оташи ишқаш кабоби ӯ,
Зи мастӣ қасди хунам дошт чашми нимхоби ӯ,
Манам чун мехи хайма баста бар гардан таноби ӯ,
Сияҳчашме, ки мегардам мани Маҷнун хароби ӯ,
Ба худ пайваста мепечам чу зулфи тоб-тоби ӯ,
Ғазабнок аст бо ман он қадар нозу итоби ӯ,
Намегардад насиби мо, сияҳбахтон шароби ӯ,
Надонам, қисмати рӯзи азал бо ман чӣ ранг омад?!

Итоболуда, масти бода, бо рухсораи гулгун,
Ба сарвақти ҳаётам омад он бо қомати мавзун,
Ғазабнокона гуфто: «Ҳарзагардӣ чист чун гардун?!»
Вафо кам-кам, ҷафо бисёр дар ҳаққи мани маҷнун,
Тараҳҳум кун, такаллум беш, беш аз ҳар адад афзун,
Варо будӣ чунин ҳолат, маро бошад аз ин мазмун:
Қади нуну дили доғу рухи зарду сиришки хун,
Ба майдони ситамгорӣ аҷоиб шӯхшанг омад!

Даҳони ғунчааш бо сад забон, аммо хамӯшида,
Зи пистони иноят дар туфулият надӯшида,
Сафиосо ҳазор ошиқ ба як гандум фурӯшида,
Лаби лаълаш зи ҷоми дилнавозӣ май нанӯшида,
Ба таҳсили улуми ошноӣ ӯ накӯшида,
Либоси меҳру шафқатро ба умри худ напӯшида,
Шароби марҳамат дар зарфи ҷисми ӯ наҷӯшида,
Ба қадди ҳамчу сарваш ин қабои ноз танг омад!

1 Давомулвақт – ҳамавақт, ҳамеша.

пешина
аз 312
навбатӣ