Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба гулшан мунфаъил шуд тӯбӣ аз он қадди болояш,
Дарида пираҳан гулҳо ҳама аз рӯи зебояш,
Зи хубони ҷаҳон ҳаргиз набошад ҳеч ҳамтояш,
Ҷигархун гашта оҳу аз нигоҳи чашми шаҳлояш,
Сияҳ шуд мушки Чин аз накҳати зулфи сумансояш,
Хиҷил гардид қанд аз лаззати лаъли шакархояш,
Агар дурам зи васли ӯ, валекин дар тамошояш
Сафои оразаш дар синаам чун нақши санг омад.

Чу моҳӣ дар муҳити ишқи он дилбар шино кардам,
Тариқи ишқбозиро ба олам ман бино кардам,
Саропо умри худ дар ҷустуҷӯи ӯ адо кардам,
Ибо нокарда дилро бо муҳаббат ошно кардам,
Ғами сангиндилеро дар даруни сина ҷо кардам,
Ғалат кардам, надонистам, аҷаб кори хато кардам,
Ба дарёи висолаш киштии дилро раҳо кардам,
Ғазаб боди мухолиф гашт, дар коми наҳанг омад!

Сабо овард то аз накҳати зулфаш паёми ӯ,
Начида донаи холаш, шудам дар қайди доми ӯ,
Мусамман кард Туғрал ин мухаммасро ба номи ӯ,
Насиби ман нашуд як заррае аз лутфи оми ӯ,
Ба рӯи ман наметобад даме моҳи тамоми ӯ,
Ба ҷои бода заҳри ҳаҷр менӯшам зи ҷоми ӯ,
Сари ҳар сатр ҳарфи дол овардам ба номи ӯ,
Мукаррам исми ҷонон, бин, ки бо ин обуранг омад!

пешина
аз 312
навбатӣ