Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зи ораз бурқаъ афкандӣ, кушудӣ рӯи зеборо,
Зи барқи pyx задӣ оташ бисоти хирмани моро.

Сафед аз интизори мақдамат шуд чашми уммедам,
Хушо рӯзе, ки ҳамчун нур бар чашмам ниҳӣ поро.

Шудам чун лола аз доғи фироқат борҳо ахгар,
Ниҳодӣ бар дилам бори дигар доғи сувайдоро1.

Нагардад монеи ҷавлони ошиқ зеру бам ҳаргиз,
Ки фарқе нест андар сози Маҷнун кӯҳу саҳроро.

Ба ҳар маҳфил, ки он шӯхи парирӯ дар сухан ояд,
Барад эъҷози лаълаш қадри анфоси Масеҳоро.

Хаёли туррааш дар гардани ошиқ бувад доме,
Раҳоӣ нест мумкин аз каманди зулфи ӯ моро.

Ба рӯи шоҳиди гул ғоза аз машшотаи қудрат,
Ба ибрат чашм бикшо, гар ҳавас дорӣ тамошоро.

Нишони ҳастии мо маҳзи имкон аст дар олам,
Ҳавас дорӣ, зи мо мекун суроғи номи анқоро.

Илоҳӣ, такягоҳе нест моро ҷуз хумори май,
Асои мо-заифон кун хаёли қадди миноро.

Намудам он қадар тамҳиди сомони сухан, Туғрал,
Ба гӯши шоҳиди маънӣ кунам иқди Сурайёро.

1 Сувайдо – донаи сиёҳ, нуқтаи сиёҳе, ки гӯё дар маркази дил бошад.

пешина
аз 312
навбатӣ