Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ҳузури хеш хоҳӣ, ҷабри моро,
Ту мағрурӣ ба ҳусн, эй бемудоро!
Ба сихи нози мижгонат кашидӣ
Дили дилдодагони мубталоро!
Саросар қатли аҳли ишқ кардӣ,
Намо лутфе ба маҳзунон, Худоро!
Бинолам гар зи ҳаҷрат, нарм гардад
Дили сахти ҳазорон санги хоро.
Чаро бо мо насозӣ як такаллум?
Ба меъроҷаш расонидӣ ҷафоро!
Агарчанде наёӣ ҷониби ман,
Вале аз дур месозам дуоро.
Насиме гар сабо орад зи кӯят,
Бад-ӯ ирсол дорам муддаоро.
Зи ҳаҷрат Туғрали зори балокаш Бимирад, чист фармони ту, ёро?
Агар ба гӯшаи чашме назар кунӣ моро,
Ба як нигоҳ кунӣ сайди хеш дилҳоро.
Ҳазор обиду зоҳид ҳамешавад майнӯш
Ба маҳфиле, ки ту гирӣ ба даст саҳборо.
Ба тавқи бандагӣ гардан ниҳад чу қумрӣ сарв,
Бибинад ар ба чаман ин қади дилороро.
Кашида мардуми чашмат барои қатлам тир,
Куҷо раҳам, ки занад новаки ту анқоро!
Машоми ҷону дил аз накҳати ту тар гардад,
Агар ба бод диҳӣ зулфи анбаросоро.
Санои пири харобот боядам гуфтан,
Ки дод бар мани махмур пои хум ҷоро.
Биёр, соқӣ, қадаҳро, чӣ ҷои эҳмол аст?
Ба раҳни1 бода диҳам хирқаи мусаллоро2.
Шаҳиди ханҷари мижгони ӯ шудам, Туғрал,
Бикаш зи турбати ман, гар гузар кунӣ, поро!
1 Раҳн – гарав.
2 Мусалло – саҷҷода, ҷойнамоз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё