Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар ин аст акнун қадри рифъат1 ошёнашро,
Зи чарх ояд ба шогирдӣ Масеҳо посбонашро.

Ба рӯи сафҳа ҳар дам аз найи килкам шакар резад,
Ба ҳангоми рақам гар дар қалам орам забонашро.

Ба мазмуни миёнаш гар камар бандам зи мӯ, лекин
Халал аз сояи мӯ мерасад мӯи миёнашро!

Нахандад ғунча дар гулшан, зи ҳасрат хуни дил гардад,
Агар дар боғ ногаҳ бишнавад васфи даҳонашро!

Бувад дарси хати ӯ бе ишороти лабаш мушкил,
Ки бошад тарҷумони дигаре мар тарҷумонашро!

Ҷаҳоне бисмили доғи хаданги ӯ бувад, лекин
Нишоне ҷуз дили ман кай бувад тири камонашро?

Набошад ҳеч мумкин булҳавасро заррае меҳраш,
Ки мебошад асар аз сояи анқо нишонашро.

Макун ҷуз оҳи булбул шуълаи шамъи далели худ,
Ки ғайр аз нола кай гирад дар ин раҳ кас инонашро?

Шавад дар боғ охир тавқи қумрӣ пойбанди ғам,
Гар озодӣ ҳамин бошад қади сарви равонашро!

Хушо, Туғрал, аз ин як мисраи Бедил, ки мегӯяд,
Ки «ё Раб, меҳрубон гардон дили номеҳрубонашро!»

1 Рифъат – мартабаи олӣ, баландӣ.

пешина
аз 312
навбатӣ