Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Дорам ҳавои ишқи ту умрест бар capo,
Баҳри Худо, зи роҳи вафо ҳеч нагзаро!
Дар мулки ишқ маснади шоҳӣ гузидаам,
То кардаам зи нақши кафи пот афсаро!
Ҳар муддаӣ ба даъвии ишқат на содиқ аст,
Дорам зи ранги зард баҳри ту маҳзаро!
Мурғи дилам ба сӯи ту парвоз мекунад,
Бошад расо ба шавқи висоли ту шаҳпаро!
Оҳам намекунад ба дили сахти ӯ асар,
Ӯрост дил магар аз санги мармаро?!
Дӣ бо қади баланд гузар кард сӯи боғ,
Афтод сарву тӯбию шамшоду ар-аро!
Туғрал, ба касби накҳати гесӯи ӯ магар
Шӯрест байни боди сабо, байни сарсаро?!
Шоир бо истифода аз овози «о» наҳваи гӯиши маҳаллии тоҷикиро басо зебо ба кор гирифтааст, ки ин тарзи адои сухан ҳанӯз ҳам дар баъзе аз деҳоти саргаҳи Зарафшон мавриди истифода аст.
Агар ин аст тундӣ тавсани ҷавлоншитобашро,
Ғубори хок шав, то ворасӣ бӯси рикобашро.
Зи тори риштаи андеша дӯзам ҷомаи нозаш,
Ҳадиси накҳати гул медарад тарфи ниқобашро.
Агар хонӣ хате аз мусҳафи рухсораи Лайлӣ,
Нисори равзаи Маҷнун намо нақди савобашро.
Дили ҳайратпарастамро набашад ҷуз тапиш суде,
Магар ором бахшад ҷилваи ӯ изтиробашро?!
Ба лаб з-он хатти мавзунаш ниҳодам муҳри хомӯшӣ,
Қалам аз мӯи чинӣ метавон кардан китобашро!
Ба мизроби ғамаш касро набошад нохуни дахле,
Магар аз нолаи булбул кунад тори рубобашро?
Ба таҳрири саводи нусхаи ошуфтаи зулфаш
Зи мавҷи май рақам бояд шикасти печутобашро!
Агар дорӣ хаёли хоки пои тавсанаш будан,
Намо вирди забон «ё лайтанӣ кунту туроб1»-ашро!
Хуш омад дар мазоқам, Туғрал, ин як мисраи Бедил:
«Бар ин сарчашма раҳме кун, ки мавҷе нест обашро!»
1 Ишора ба ояи 40-ми сураи Набо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё