Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Офарин шасти хаданги чашми зеҳгири туро,
К-аз дусад дил бигзаронад новаки тири туро!
Банди савдои ғами Юсуф Зулайхо кай шудӣ,
Гар бидидӣ печутоби зулфи занҷири туро.
Рамзи сомони тағофул он қадар фаҳмидаам,
Карда устоди азал аз ноз тахмири1 туро!
Ҷон канад Беҳзод аз роҳи таҳайюр то абад,
Ҳар куҷо бинад агар ӯ нақши тасвири туро.
Зери теғи абруят танҳо на ман ҷон медиҳам,
Кист ҷони худ насозад туҳфа шамшери туро?!
Нест мумкин васфи ту, эй туҳфаи оёти ҳусн,
Кас намедонад, чӣ хоҳад кард тафсири туро!
Бо қадат, эй нахли гулзори баҳори дилбарӣ,
Рост гӯ, пурсам ман аз майхона то пири туро!
Хонаи дилро иморатҳо намудӣ аз ғамат,
Ҳеч кас вайрон нахоҳад кард таъмири2 туро.
Лаъли хубонро шакар талхӣ намояд бо лабат,
Модари даҳр аз шакар ҷӯшида то шири туро.
Туғрал, аз назмам саропо бин, ки мерезад шакар,
Баски бинмудам зи cap то пой таҳрири туро!
1 Тахмир – сириштан, хамир кардан.
2 Таъмир – сохтмон, манзил.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё