Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Арзи ҳоҷат мекунад дил хусрави нози туро,
Нест қонуни муҳаббат пардаи сози туро.
Чун кабӯтар бисмили шавқи тапидан мешавад,
Аз қазо ҳар кас, ки бинад чашми шаҳбози туро.
Рамзи чашмат ин бувад, набвад намудан баъд аз ин
Маҳрами асрори худ он чашми ғаммози туро.
Дар фани эҳё зи шарми аҷз наншинад дигар,
Гар Масеҳо бишнавад ойини эъҷози туро.
Афканад қумрӣ ба гардан тавқи доғи бандагӣ,
Дар чаман бинад агар он сарви мумтози туро.
Беадаб тарсам, ки бинад бигзарад аз чобукӣ,
Тавсани умрам агар хинги1 сабуктози туро.
Дурри маънӣ кардаӣ, Туғрал, ниҳон ҳамчун садаф,
Фош созад мавҷи ин дарё магар рози туро!
1 Хинг – саворӣ, асп.
Ҳар кӣ нӯшад аз қазо гар ҷоми машҳуни1 туро,
Мекунад дарси адаб найранги афсуни туро.
Дар тариқи ишқ андар вусъатободи ҷунун
Нагзарад ғайр аз саманди ваҳм ҳомуни туро.
Сарв андар боғ cap дар пои шамшод афканад,
Гар бибинад турраи гесӯи вожуни туро.
Шабнами хиҷлат шавад кӯҳи Бадахшон то абад,
Бишнавад васфи ҳадиси лаъли майгуни туро.
Хомаи таҳрир аз чӯби санавбар боядам,
То ба арз орам баландиҳои мазмуни туро.
Ҳар касе н-ояд ба зери пардаи мизроби ғам,
Зеру бам бисёр бошад сози қонуни туро.
Аз фиреби наргиси мастат касе огоҳ нест,
Эй басо афсун, ки бошад чашми мафтуни туро.
Қуръаи фоли тараб ҳаргиз наёмад аз қазо
Аз ҳуҷуми бахти бад ушшоқи маҳзуни туро.
Қомати тӯбӣ ба зери бори ҳиҷлат бишканад,
Дар чаман бинад хироми қадди мавзуни туро.
Туғрал, аз ҷон мекунад имрӯз саррофи сухан
Ҳалқаи гӯши маъонӣ дурри макнуни туро!
1 Машҳун – саршор, пуршуда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё