Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
То ба авҷи дилбарӣ зад ахтараш дунболаро,
Моҳ дар оғӯши худ гум кард хатти ҳоларо.
Сурма аз бахти сияҳ дар коми фарёди ман аст,
Аз сипанди мо шунидан нест ҳаргиз ноларо.
Доғи савдои хаёли васли ӯ бурдам ба хок,
Менабинӣ дар мазори ман ба ғайр аз лоларо.
Ҷон диҳад чун муъҷизи Исо ба ҳангоми сухан
Лаҳҷаи лаъли лаби ӯ мурдаи садсоларо.
Сӯхт андар миҷмари1 ишқаш дилам ҳамчун сипанд,
Маҳрами ин май накардам соғари табхоларо.
Нисбати сӯзи даруни ман ба ашки ғайр кард,
Имтиёзе2 аз гуҳар ҳаргиз набошад жоларо.
Туғрал, аз савдои ӯ шуд то дилам оташнасаб,
Менишонад барқи оҳам шуълаи ҷавволаро.
1 Миҷмар – зарфи оташ.
2 Имтиёз – бартарӣ.
Ҳар кӣ дар дашти ҷунун бинад мани девонаро,
Кай шавад монанди Маҷнун ошно бегонаро?
Ҳусни хубонро ҷило бошад нигоҳи ошиқон,
Эътиборе нест ин ҷо шамъи бепарвонаро.
Улфате дорад хаёли мори гесӯяш ба дил,
Ганҷи бисёр аст гӯё хоки ин вайронаро,
Аз сари савдои зулфи ӯ чунон созам гузар,
Эй фусунгар, бо кӣ мегӯйӣ ту ин афсонаро?!
Бо нигоҳе кулбаи аҳзони мо обод кун,
Нест ҷуз мадди нигаҳ меъмор ин кошонаро.
То тавонӣ, дар нигористони чашмаш кун назар,
Эй басо афсун, ки бошад ин аҷоибхонаро.
Туғрал, асрори адаб аз бода равшан мешавад,
Нест ҷуз пири тариқат муршиде майхонаро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё