Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
То ба рухсори чу моҳи ӯ назар дорем мо,
Як ҷаҳон ойина аз ҷавҳар ба бар дорем мо.
Ғунчаи лаъли лабашро ҳоҷати тафсил нест,
Нусхае аз дафтари ӯ мухтасар дорем мо.
Эй насиҳатгӯ, магӯ ҳаргиз маро дарси адаб,
Ҷуз сулуки ишқ дигар кай ҳунар дорем мо!
Ашки хунин аз фироқаш гарчи тӯфон мекунад,
Чашм мепӯшем, з-ин дарё гузар дорем мо.
Ҳеч кас бе арзи изҳори камоли хеш нест,
Лоласон аз доғи ишқи ӯ асар дорем мо.
Бас бувад пероҳани мо кисвати хоки дараш,
Ҷомае ҳар дам зи урёнӣ ба бар дорем мо.
Ҳар чӣ ҷуз рӯяш бувад манзури ошиқ, гӯ, мабош,
Оламеро ғайри ӯ кай дар назар дорем мо?
Нест ғайр аз шоми навмедӣ ба арзи муддао,
Дар нафас кофур гӯё чун саҳар дорем мо.
Баъд аз ин чун мо нарӯяд ҳеч дар боғи сухан,
Нахли ашъорему аз маънӣ самар дорем мо.
Офарин бар мисраи Бедил, ки, Туғрал, гуфтааст:
«Ҳасрати дидору сомони сафар дорем мо».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё