Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Чун най гирифта мулки ҷаҳонро фиғони мо,
Набвад ба ғайри нола матоъи дукони мо.
Мо ошиқему шуҳраи офоқ гаштаем,
Олам пур аст аз сухану достони мо.
Дар ҷайби фикр хилвати ҳастӣ гузидаем,
Бошад забони хома кунун тарҷумони мо.
Ҷуз нақши ном шуҳрати мо нест аз нигин,
Анқо бувад ба олами имкон нишони мо.
Ашки равон агарчи ба пояш фишондаем,
Бошад равон ба пои вай акнун равони мо.
Дар сози ишқ пардаи таъйид офат аст,
Мутлақ бувад чу нола ба ҳар сӯ инони мо.
Туғрал, навои нағмаи «Ушшоқ» дам ба дам Ояд зи сози пардаи захми забони мо.
Ҳар кӣ омад ба сӯи хонаи мо,
Хонд шаҳбайти остонаи мо.
Сози ушшоқи мо навои ту шуд,
Ин бувад то абад таронаи мо.
Баски Маҷнуни водии ишқем,
Гашт олам пур аз фасонаи мо,
Ҷуз парешонӣ кас намефаҳмад
Як сари мӯ забони шонаи мо.
Пари анқо нишони ҳастии мост,
Кай расад тир бар нишонаи мо?
Шоҳбозем мо ба сайди сухан,
Авҷи маънист ошёнаи мо.
Шаҳди мазмун гирифт роҳи нафас,
То ки хомӯш шуд баҳонаи мо.
Аз адам омадем то ба вуҷуд,
Ҳамчу мо нест дар замонаи мо.
Баҳри ишқему қулзуми маънӣ,
Нест пайдо вале каронаи мо.
Баски деҳқони мазраи амалем,
Дил дамад лек ҷои донаи мо.
Туғралам, маҳви мисраи Бедил:
«Ҷабҳасӯз аст остонаи мо!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё