Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эй зи мавҷи талъатат наззора дар гирдобҳо,
Ҳайрати ойина бошад шӯхии симобҳо,

Эҳтиёҷе нест дар кӯяш ба шамъи дил маро,
Шамъро нуре набошад дар шаби маҳтобҳо.

Фарши махмал мекунад сомони ғафлат дам ба дам,
Мешавад таъбири ҳайрат оқибат ин хобҳо.

Турфа оҳанге бувад сози навои ишқро,
Эй хуш он мутриб, ки дорад нағма з-ин мизробҳо.

Абруяш бар даъвии ишқам шаҳодат медиҳад,
Роҳате чун ман надорад зоҳид аз меҳробҳо.

Ашки ушшоқ аз ғамаш имрӯз тӯфон мекунад,
Мешавад дарё, ба ҳар ҷо ҷамъ гардад обҳо.

Кам зи Маҷнун нестам, Туғрал, ба саҳрои ҷунун,
Хондаам дарси ғамашро ҷумла фаслу бобҳо.

Гар хиромад он парирӯ ҷониби гулзорҳо,
Шӯри маҳшар мешавад дар кӯчаву бозорҳо.

Ҳар нафас дар хонаи дил нақши тасвираш бувад,
Бо пари ҳоил намегардад дару деворҳо.

Гарде аз хоки кафи пояш ба ҳангоми висол
Баҳри дафъи набзи ҳиҷрон мекунам тӯморҳо.

Дар тариқи ишқ ҷуз ваҳшат намебошад далел,
Ин суханро ман шунидастам зи Маҷнун борҳо.

Аз шамими ҳалқаи гесӯи анбарсои ӯ
Аҳриманро бигсалад андар миён зуннорҳо.

Нест хубони ҷаҳонро чун лабаш хубоние
Дидаам хубони оламро вале бисёрҳо.

Холи мушкин бар рухаш дидам, тааҷҷуб омадам,
К-аш бувад саҳни ҳарам манзилгаҳи куффорҳо.

Ёди ҷаъди туррааш дар гарданам доме бувад,
Чун таноби хайма андар гардани мисморҳо.

Ҳал нагардад уқдаҳои ин муаммо дар дилат,
Дар саводи зулфи ӯ бошад басе асрорҳо.

Ҳеч дар мулки ҷаҳон, Туғрал, намебошад чунин,
К-аш баранд аз ошиқон дил инчунин дилдорҳо.

пешина
аз 312
навбатӣ