Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ҳамчунин, соли 1990, дар заминаи мунтахаби номбурда гулчини дигари ашъори Туғрал бо номи «Корвони муҳаббат» (ба ҳуруфи форсӣ; Душанбе, «Ирфон») аз чоп баромад, ки мураттиб ва муаллифи пешгуфтори он Асрори Раҳмон аст.
Хушбахтона, баъди нашри мунтахаби мазкур ашъори ноби шоир ба дасти ҳамзабонони хориҷи кишварамон бавижа, Эрону Афғонистон, расида, шуҳрати офаридгорашонро ба дараҷаи кофӣ вусъат бахшиданд ва сабабгори он шуданд, ки донишмандони эронӣ Нақибхони Туғралро «шоире аз табори Бедил» бидонанду биноманд.
Ниҳоят, соли 2011 дар Душанбе (нашриёти «Пайванд»). бо мададу дастгирии Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтахаби навбатии осори шоир таҳти унвони «Девони ашъори Туғрали Аҳрорӣ» ба зевори табъ ороста гардид, ки мураттиби матну муаллифи сарсуханаш Мирзо Шукурзода мебошад.
Мунтахаби номбурда шартан «Девони ашъор» номгузорӣ шуда бошад ҳам, ба тартиби дигаре маводи нашрияҳои пешини мероси шоирро фароҳам овардааст Инак, дар асоси радду бадал ва муқоясаву муовазаи далелу бурҳони сарчашмаҳои болоӣ ҳамчунин, корбасти ишораҳои мухталифи худи Туғрал ва маълумоти дафтару девони меросии ӯ метавон изҳор дошт, ки исми шоир Нақибхон, куняташ Абӯмуҳаммад, номи падараш Бобохон ва нисбааш Аҳрорӣ буда, шоири ҳаммаҳфилаш Аҳмади Васлӣ дар қитъаи «хотиматуттабъ»-и девони Туғрал ӯро муфассалан «Мирзо Муҳаммадхон Нақиби Туғрал ибни Шоҳносирхон ибни Тӯрахон ибни Шоҳносирхон ибни Муҳаммад Содиқхоҷа ал-мулаққаб ба Афзалхон ибни Муҳаммад Солеҳхоҷа ибни Муҳаммад Сиддиқхоҷа Аҳрории Сиддиқӣ» номидааст, ки шаҷараи авлодии шоир буда, ҳафт пушти ӯро нишон медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё