Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нақибхон 26-уми моҳи марти соли 1865 дар хонадони марди давлатманди деҳаи Зосуни ҷамоаи Варзи Манори кенти Фалғар (ҳозира ноҳияи Айнӣ) Мирзо Бобохон ба ҷаҳон омадааст. Гузаштагони Туғрал аслан самарқандӣ буда, чанд пушт пештар аслофи хонадон аз дасти ҷавру зулми ҳокимони яғмогар ба дод омада, ҷониби Фалғар фирор кардаву дар ҳамин макони амн рахти иқомат густардаанд, ки худи Туғрал аз ин хусус ишорае дорад:

Дар Самарқанди чу қанд акнун манам
Ифтихори зумраи Аҳрориён!
Мерасад аслам ба Аҳрори Валӣ,
Дудаи ман бошад аз ин дудмон!

Авони кӯдакию наврасии Нақибхон дар зодгоҳаш ва дар зери саробонии бевоситаи падар ва, баъдҳо, бародаронаш Тӯрахон, Мансурхон, Ҳамзахон ва Акобирхон гузашта, хатту саводи ибтидоиро дар деҳа, аз устодони маҳаллӣ баровардааст. Аз ҷумла, яке аз устодони нахустинаш Қозӣ-Абдулҷаббор ном марди фозилу шоирпешаи урметанӣ будааст, ки аз болооб то поёноби Зарафшон ба ҳукми қозие адолатпаноҳу саховатпеша шуҳрат дошт.
Аслан, болооби Зарафшон дар тӯли қарнҳо барои адабиёти форсу тоҷик намояндагони зиёде додааст, ки Устод Рӯдакӣ, Абӯҳафси Суғдӣ, Музтариби Панҷакатӣ, Мустатеъи Панҷакатӣ, Маҳмуди Кӯҳӣ, Бобури Ишқӣ, Мелии Киштӯдӣ, Ҷумъабойи Хумулӣ, Аҳмади Аҳдӣ, Юсуф Вафо, Камолии Рашнагӣ, Фозили Пасрӯдӣ, Маҳҷури Фалғарӣ, Ҷамолии Рашнагӣ, Мулло Фозили Фозил, Мулло Фигорӣ, Масеҳои Тамҳид, Муллошоҳи Артучӣ ва Маҳзуни Зерободӣ, ки аксарашон соҳибдевонанд, аз зумраи онон буда, ному осори даҳҳои дигарашонро тӯфони ҳаводис аз аъмоқи таърих баршустааст. Ва агар аз қадимулайём ноҳияҳои Масчоҳу Фалғару Панҷакат ва Самарқанду Бухороро табиатан рӯду кӯҳи Зарафшон ба ҳам дарпайванданд, адибону олимон иртиботи маънавии мобайнашонро барқарор доштаанд ва ба сабаби маркази фарҳанги миллӣ будани шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ағлаби ҳунарварону донишмандони зодаи болооби Зарафшон муқимашон гашта, нисбаи самарқандию бухороиро ҳам ба худ гирифтаанд.

пешина
аз 312
навбатӣ