Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Начидаем гул аз гулбуни баҳори тараб,
Нахондаем зи қонуни завқ дарси адаб.

Ба неши заҳри фироқаш зи баски муътодем,1
Ба назди мо чи дами мору чи дами ақраб.

Ба сӯи мо мафикан беш аз ин ту санги ҷафо,
Ки шишаи дили мо нест аз дукони Ҳалаб!

Нишони пои ту моро далели ҳайрат шуд,
Задем муҳри хамӯшӣ чу ғунча андар лаб.

Туӣ, ки дил ба висоли ту орзуманд аст,
Ба ҷуз ту нест ба дунёву охират матлаб.

Ба ёди ҳалқаи зулфаш сиёҳ шуд рӯзам,
Ки кош субҳи умедам дамад зи домани шаб.

Зи баски дарси ғами ишқ хондаам, Туғрал,
Сарам равад, ки нагардам дигар аз ин мазҳаб!

1 Муътод – хӯгирифта, одаткарда.

Агарчи дурам аз наззораи рухсори ёр имшаб,
Бувад лавҳи хаёли абруи ӯ дар канор имшаб.

Наям осудаи шавқаш даме аз изтироби дил,
Пари парвона дорад дуди шамъи интизор имшаб.

Агарчанде ки будам дӯш масти бодаи васлаш,
Вале дорад сарам аз ҳаҷри ӯ ранҷи хумор имшаб.

Ба як наззора аз шаръи муҳаббат дод ин фатво
Факеҳи ишқ андар ҳурмати бӯсу канор имшаб.

Ба каф аз субҳа ин ҷо матлабат ҳосил намегардад,
Зи ашки чашм тар кун донаи рӯзи шумор имшаб.

Чаман аз накҳати боди баҳор имрӯз хуррам шуд,
Ҳадиси васфи гул бишнав ба гулшан аз ҳазор имшаб.

Агар хоҳӣ дурустӣ номи худ аз хотами ишрат,
Шикан бар рағми сунбул турраи гесӯи ёр имшаб!

Биё, эй дил, ки омад ёр сӯи кулбаи Туғрал,
Ҳусули дину дунё метавонӣ, кун нисор имшаб!

пешина
аз 312
навбатӣ