Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Сарви ман, боз о, ки то сарви хиромон бинамат,
Ҳар тараф ҷавлон намо, то масти ҷавлон бинамат.
Шуд дилам парвона андар оташи шамъи рухат,
К-аз фурӯғи чеҳра бар он рӯ чароғон бинамат.
Хок шуд дар роҳи ишқат ҳамчу ман бисёр кас,
Аз ғубори ошиқон гарде ба домон бинамат.
Нест ҷуз хоки дарат дорушшифои хастагон,
Марҳаме дар илтиёми1 захми ҳиҷрон бинамат.
Дӯш дидам бо ҳазорон ҷилва чун товуси боғ,
Ҳамчу гул имрӯз бо тарфи гулистон бинамат.
Мезанад меҳри pyx аз субҳи буногӯши ту дам,
Осмони ҳуснро хуршеди тобон бинамат.
Кай кунад фикри Фалотун имтиёзи набзи мо,
Дарди бедармони ғамро сахтдармон бинамат.
Эй хуш он мисраъ, ки, Туғрал, месарояд Бедиле:
«То абад, ё Раб, асои нотавонон бинамат!»
1 Имтиём – беҳбуд ёфтани захм.
Парешон ҷаъди1 сунбул аз сари зулфи сумансоят,
Кушода ғунча аз хандидани лаъли шакархоят.
Бувад наззора чун ойина лаззатгири дидорат,
Саропо дидаи наргис бувад маҳви тамошоят.
Баҳористони гулзори ҷамолат оламе дорад,
Саре ку, то бувад холӣ зи савдои таманноят?
Равӣ дур аз барам, ҷон аз танам ояд бурун он дам,
Биё, то ҷон дамад дар тан зи тарзи омаданҳоят.
Ба роҳат з-интизорӣ дидаи мо шуд сафед ин ҷо,
Бибахшо тӯтиёи дида аз хоки кафи поят.
Зи ҳасрат мурдам, эй бадхӯ, нишинӣ чанд бо танҳо?2
Бувад оё ки ман бинам туро холӣ зи танҳоят?
Ба дил меҳри ту дорад Туғрал аз ағёр пинҳонӣ,
Биё сӯям алифосо, миёни ҷон диҳам ҷоят!
1 Ҷаъд – зулфи печида, мӯйи марғул.
2 Танҳо – ба маънои чанд тан, касон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё