Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- О, мулло Хиёл, барои пахтаи ту санг ёфт мешуда бошад?! Баъд, ин тарозумон дағал, - вай даст дар миён гузошт, беҳад оташин буд. «Ба ин ҷавонҳо чӣ дард расида бошад? Шикам сер, тан пўшида, сиҳату саломат, пахта намечинанд, чӣ даркор?»- Росташро гўй, агар дар таги халтаат тилло бошад, ман ин ҷо баркашида наметавонам, сангҳои ман барои 50 кило, 100 кило, 200 кило туғрӣ меоянд. Хайр, як рўз ҷавоб медиҳам. Бирав, дар лабораторияи мактабатон баркашида биё... Ба ҳамаамон як мисқолӣ расад, бас, дигар пахта намечинем. Ба замин пода медарорему худамон бозор ба бозор дандон нишон дода мегардем.
Ҳа, Бозор!?
Бозор бо қаҳр халтаро аз тарозу гирифта партофт. Боз як лагади дигар фуровард, ки пахтаи дарунаш дар чор тараф пош хўрд. Меҳвари тарозу шараққоскунон ба оҳани боло зад. - Ман чӣ кунам, ака? Рўзи дароз подабон барин аз думи инҳо мегардам. Ин мардума на ба гапи хуб кор мефармоӣ, на ба гапи бад. Бубинен, о ҳамин қадду баст дар ман ё дар ягон зани кўдакдор мешуд, сад-саду панҷоҳ килоӣ мечидем. Ҳа...
Моҳпарча хандид. Ҳама ба тарафи ў нигоҳ карданд.
Тааҷҷубовар. - Буза бозӣ, хара ханда, - гуфт Бозор.- “Табелчӣ, як мардаки баобрў, соҳиби зану фарзанд, шукри Худо, ба ришу фаш.” Чунин гап занаму як занаки бепадари бинидарози фукқоқи даҳонбефаровез “ваҳа- ҳа- а!” гўяду бихандад?
- Табелчӣ, кадомамон бузу кадомамон хар? – пурсид Моҳпарча.
Ҳама қаҳ- қаҳ зада хадиданд. Баъд авзои беҷои Моҳпарчаро диданду хомўш гаштанд.
Ин бегоҳӣ бехосият омад. Пешомади шуму ногуворе ҳамаро ба изтироб меовард. Баъзеҳо ба миёна даромаданд. Раҳмати Нинӣ, ки хеши наздики Моҳпарча буд, «пеши даҳон»- и ўро гирифтан хост: - Моҳпарча, баддаҳон нашав! Ту...
- Тағо, гапата баъд дар гўшам гўй, ки ҳозир ҳеҷ нашунидам, - гуфт Моҳпарча ва асабиёна сўйи Бозор шитофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё