Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳасан - «Труба», тавба... Пурсидан намехоҳад. Гўё ба гапи мардум бепарво аст. Чӣ мегўянд, чӣ намегўянд,- ба вай таъсире надорад. Вале мардум беҳуда суханро ба ҳаво намепартоянд. Ҳар чизе ки аз даҳони ў мебарояд, вазнину сиёҳ аст, чу дудаи тутаи печ димоғро месўзад, дилро сиёҳ мекунад, табъро мегиронад... «Труба». Ҳе-ҳе.

  • Раҳмати Нинӣ.
  • ...
  • Як одоби Ҳасана додан даркор.
    Анҷоми аскияҳо дар Раҳмати Нинӣ аст. Ин мардак гавдаи базарбае дорад, ба паҳлавон монанд аст, даҳони басо хурдакаке дорад; вақти гап задан лабонашро тифлакони навзод барин, ки бо чашми пўшида пистони модар мекобанд, ғунча мекунад ва бо овози пасти борик гап мезанад.
  • Раҳмати Нинӣ!
    ... Аскиягўиву номгузориҳоро Наим оғоз медиҳад, ў басо ҳозирҷавобу теззабон аст, бе ягон андеша ному лақаби мувофиқро тараққи ба гўши кас мефурорад, ки то номи наве ёфтан дар гўши ў ҳалқа барин овезон мемонад...
    Анҷоми аскияҳо дар Раҳмати Нинӣ аст. Ў ҷавоб гардонда наметавонад, агар ҷавобе гўяд ҳам, касе намешунавад. Овозаш беҳад паст. Ҳамин тавр ҳазлу шўхӣ қатъ меёбад. Ҳама ҷиддӣ ба сангҳову рақамҳои тарозу ва дафтари Бозор нигоҳ мекунанд. Дар забони ҳама ҳарфу рақам.
    Ин ҷо ним соат ба бозори колхозӣ дар рўзи якшанбе табдил меёбад.
    ... Хиёлро андаке хушвақтӣ рўй дод. Симоҳои мардуми деҳаашон, бо ҳама лутфу зарофату нуқсонашон, пеши назараш омаданд ва ошуфтагии ўро андаке барҳам заданд. Акнун ў бесабрӣ мекард, овози Бозорро интизор буд.
    «Башаҳо, кой тамом!» - баланд шуд овози Бозор. Фарёди ў ба фиғон монанд буд.
  • Шўхӣ бисёр ки шуд, пахта кам мешавад, - мегуфт Наим- саркору ба халтаҳои нимхолии овезони мардум нигоҳ мекард; пешдомани Хиёлро диду якбора зиёнаш гирифт.
пешина
аз 186
навбатӣ