Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба ҳаминаш ҳам шукр, ки ҷанҷол бе гирифтани номи онҳо басанда шуд. Халтаи холии пурчанг ба сари ў афтид.
Хиёл пеш аз вақт шодӣ мекард.
Бозор, ба гумони он ки гуфтаҳои ў ба Наим писанд меоянд, халтаи охиринро баркашиду боз овоз баланд кард. Ё баростӣ мехоҳад ба обрўи саркор иснод биёрад?
Эҳ, сабил, умуман, ў ба ҳеҷ касу ба ҳеҷ чиз коре надошт, надорад ва парвое ҳам намекунад...

  • Кор ин хел намешавад, мардум! Аз пагоҳ тартиби корро дигар мекунам.
    «Тавба! Ин мардак аз ҳад гузаронд- ку; чӣ мехоста бошад? Наход мардум ба ин даҳанкалонии ў тоқат кунанд. Ўро- ку он қадар эҳтиром намекарданд... Пас чаро хомўшанд?»- аз дил мегузаронид Наим- саркор.
  • Тартиби кори киро? Аз худат ё мардумро? – тоқат накарда, оқибат пурсид Наим.
  • Ҳам аз худаму ҳам аз мардумро, Наим- ака! – ҷавоб гуфт Бозор.
    «Ин ҷавобро интизор набудам. Маккор аст, ин мардак, маккор... Ҳам аз ту ва ҳам аз мардумро гуфтанӣ буд ў; ё ҳақиқатро гуфтанӣ бошад? Дар ҳар сурат ман бояд мулзам намонам,»- аз дил гузаронид саркор ва гуфт:
  • Медонам, Бозор! Кори ту андаке ислоҳталаб аст, вале тартиби кори мардум мувофиқи табъ барин. Дар охири кор дили мардумро сиёҳ накун, Бозор. Бо ин мардум ман солҳои дароз кор кардаам ва боз чанд муддати дигар кор карданиям.
    «Сухани охир беҳуда баромад, сабил. Гўё ба сардории минбаъдаи худ шубҳа мекарда бошам. Аҳ, ҳеҷ лозим набуд,»- пушаймон шуд саркор аз гуфтааш.
  • Кор аз ҳад гузашт- ку. Боз ин гўшбурида хафа нашавад? Гўё ба ман ҷойи ў даркор бошад. Кор кардан бигир, ман талош надорам. Косаи давра аст ин вазифа. Аз даст ба даст мегузарад. Ҳеҷ кас бенасиб намемонад... Чӣ, ман кор намекунам?! Худат чӣ? «Корат ислоҳ металабад».
    Адабгуфтор хоҳем буд, - гуфт оҳиста Бозор.
    Хиёл ўро шунида, ҳайрон гардид. Ба хотир овард, ки Бозор ҳеҷ гоҳ ба Душанбе нарафтааст, ба театр ҳам. Пас сухани Х., аз намоишномаи «Имтиҳон», дар андешаҳои ў буда наметавонад.
пешина
аз 186
навбатӣ