Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Не, биргат, акаи Наим. Ман намегўям, ки мардум бетартиб кор мекунанд. Ман мегўям, ки бағайраттар шавем, корамон хуб мешавад. «Годовой...», астағфируллоҳ...
    Ман ғами ҳамин мардума мехўрам, ба фоидаи мардум гап мезанам. «Боз забон ба ҳамон тараф мекашад. Сабилмонда, ин дафъа аз гиребонам мегираду радди маърака мекунад. Чашмонаш беҷо шуданд.» Ман мегўям, духтардоро, духтарҳотона, писардоро, писарҳотона шаб дар хона насиҳат кунед, пахта чинанд. Бех- бехи заҳбуру зери дарахтҳо нагарданд, миёни буттаҳо нашинанд. Ман дигар думдуми бачаҳои шумо намегардам. Ягон шармандагӣ шавад, мегўед, ки бехабар мондем! Аз пагоҳ духтаронро дар паҳлуи бачаҳо ҷўяк намедиҳам...
    Мардум якбора ба шўр омаданд. Бозор чӣ ҳовагўӣ дорад?! Ҳама аз фарзандони худ дилпуранд. Ва баробар тарафи Бозор дод заданд.
  • Бозор, духтардориву писардорӣ коре нест, ки ба маҷлис барорӣ. Ҳама ин ҷо духтар доранд! Гапата фикр куну баъд бигўй!
    «Не, Бозор, ту ҷойи маро гирифта наметавонӣ. Бо ин мардум ман гап зада метавонам. Ман!»
  • Мардум! Хафа нашавед! Ман ҳам шумо баринам, соҳиби чор фарзандам. «Тфу, чашм нарасад». Маро ҳам мўйи баданам меларзад. Лекин имрўз ба чашми худам дидам.
  • Чиро дидӣ? Киро дидӣ?
    Хиёл карахт шуд. Пўсти рўяш даргирифт, мўйи баданаш рост хест.
    Одамон дар изтироб афтоданд, талотум доштанд. Ва ин лаҳзаҳо ҳеҷ муштоқи шунидани номи фарзандони худ набуданд. Онҳое, ки оташи шубҳа дилашонро месўзонд, даҳон во намекарданд, то дудаш набарояду диққати мардум ба онҳо ҷалб нашавад. Кӣ мехоҳад, ки нишони ин нигоҳҳои айбкунанда бошад?!
    Хиёл бо чашм ҷойи номаълумтаре меҷўст.
  • Сафари Аюбу Баргигули Зиё!
пешина
аз 186
навбатӣ