Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гўё мехоҳад бо ин хомўшӣ Наимро ба тавфиқ оварад. Нишон диҳад, ки ҳар гуноҳи азими кардаашро ба гардан мегирад. Ана, ҳозир ҳам ў гунаҳкор аст.
... Махлуқи безабон худро маҳкуми марг дид. Охирин бор даҳон кушод ва забонашро ба алафи зарди пеши фукаш расонд, як пора алафро бо кулўхе ба даҳон гирифт...
Баъд чашмонаш аз дарди ҷонгудози даруни майна пўшида шуданд, дигар наҷунбид.
Наим ҳанўз ҳам сари хари сафедро лагадгўб мекард.
Духтарон Саборо дошта буданд, писарон Хиёлро. Ҳар замоне, ки Наим бо адоват ба ў менигарист, Хиёл ўро ба ифоқа оварданӣ мешуд.

  • Ака, харро накушед! Назанед, ҳайвонро!
    Чашмонаш пуроб мешуданд. Гумон мекард, ки майнааш халтачаи кислород барин фишурдаву кушода мешавад:
  • Харро мекушад! - мегуфт ў гиряомез ба онҳое, ки ўро маҳкам дошта буданд. – Маро чӣ қапидаед? Харро халос кунед!
  • Дамата бигир, бача! – гуфт касе.
    Падари Баргигул буд ў.
    Вале Наим мезаду мезад. Ў акнун хари сафеди мурдаро мезад...
    Баъде, ки лакот гашту аз болои сари хар фуромада, ба дастшўӣ рафт, ҳамаи он касоне, ки Бозор номи духтарашонро гирифта буд, ба назди ҷасади хари сафед рафтанд ва пой ба тани беҷони ў заданд. Пеш аз он ки лагади ба задан тайёрашонро ба пешонаи хари сафед фуроранд, ба духтарони худ як нигоҳи сахту бераҳмона афканданд...
    Пас бо як хидматгузории хушомадомезе ба назди Наим омаданд.
  • Ака, зарби мушту лагадатон куҳа талқон мекардааст!
    – гуфт ба ў падари Баргигул. - То мо расидем, ки ҷонаш кайҳо баромадааст.
    Наим касеро намедид, гўшаш чизеро намешунид.
пешина
аз 186
навбатӣ