Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Рўяшро бо оби хунуки сарҷўй мешусту мешуст. Гўё ин обаки сард хуни дасту рўяшро шуста метавониста бошад.
Обаки сард чирки дилашро шуста набурд, вале тумани ғафси ғурури беасосро аз пеши чашмаш пароканд, пардаи тираи бераҳмиро аз майнаи карахту бадандеши ў бардошт. Акнун ў кори кардаашро бо чашмонаш медид, акнун ҳис мекард, ки ў қотил аст... Ба ҷуз хари сафед ин лаҳзаҳо боз чизҳои дигар низ мурда буданд... Пай мебурд, ки ин кор ҳеҷ қурбониеро наметалабид ва кирои хунрезӣ ҳам надошт... Вале обаки сардро қувваташ ҳамин чанд лаҳза буд, аз ин беш ба чунин азамати ҷангу ҷаҳолат, ба ин куҳи санг андешаи инсонӣ илқо карда наметавонист.
Наим ба таскини худ гузашт: “Кори шудагӣ шуд, дигар об қафо барнамегардад. Ў ҷудо ҳам кори нағз кард; одамонро чашмашон аз вай метарсад – як; берўгиву бехунии ўро ки мардум дид, дигар номи духтари ўро ба забон намегиранд – ду; масъала, аз ҳамин ҷо дуртар намеравад; Сабо то ба шавҳар баромадан ба рўйи марде наменигарад
– се; ин сағираи қоқпоча дигар орзуи нохуни Сабо намекунад – чор; аз ҳама муҳиммаш- номус! Номусу нанги мардигарӣ пеши мардум ҳимоя шуд, устувор монд – панҷ.
Дигар ҳеҷ гоҳ мардум ба мардӣ ва беномусии ў шубҳа намекунанд.
Мардум даводаву ғалоғула доштанд. Ў ба ин безобитагӣ диққат намедод.
- Хайр, ака, аз ҷаҳл фуроед, ҳамаамон фарзанд дорем, гуноҳ мекунанд, ҷазо медиҳем, мебахшем, - мегуфт Зиё, номаълум дар назди Наим нишаста. Ба рўяш об пошида, суханашро давом дод: - Моҳ ҳам беайб намешавад, ака!
Худро ба даст гиреду кўдакҳоя ҷавоб бидиҳед, хона раванд. Пагоҳ ҳам кор ҳаст. - Ҳа, Зиё, насиҳат мекунӣ? Хурсандӣ – ҳа!? «Бригадирро ҳам акнун айб кардан мумкин.» Механдӣ-ҳа? Аз доғдор шудани номи ман шодӣ мекунӣ- ҳа!? Пеш аз тўй доира назан, ки...
- Ё тавба, о ман чӣ гуфтам? Э-э, ин акама бинен... Э...
Наим ғазаболуд нигоҳе ба чашми ў афканда буд, ки забонаш гирифт. Сархам чанде дар рўи сабза нишасту асабиомез аз ҷой бархоста, бо қароҳат ҷониби Сабо нигоҳ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё