Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Ин падарқусурҳо бо майли худ, дўст дошта, ба якдигар хонадор шуданд, – ў ба духтару домодаш ишора мекард.- Акнун бо ҳам носозанд...
- Хайр чӣ? Ҳар бегоҳ хона пур аз мардум. На рўз, на шаб осудагиро намебинам. Ёру ҷўраҳои ў аз як армия кам нестанд.
- Ҳой, агар ман медонистам, ки ту ҳамин гуна одам мешавӣ, ҳини дар синфи дувум хондан шушат варам карда буд, табобатат намекардам, ки мемурдӣ!
Духтарак бештар ошуфта шуд. Ошуфтаҳолии ў зоҳирӣ буд. Ў дар дил механдид. - Аз дасти туву домодат худро дар кўл ғарқ мекунам! – гуфт ў.
- Валлоҳ, ки кўл мехушкаду пахтаи мардум беоб мемонад.
- Ҳеҷ гап не, дукаса бо оби дидаатон кўлро лабрез мекунед.
- Падарлаънат ҳамон касе, ки дар мурдаи ту як қатра оби дида мерезад...
- Ба Саллоҳ пул медиҳам, ки бигиряд!
- Дуо мекунам, ки пеш аз ту Худо ҷони ўро бигирад.
- Аз худатон бохабар шавед. Эраҷ дар умраш болои сари Шумо овоз намебарорад. Беҳтараш, ба ҷони Саллоҳ кордор нашавед.
Саллоҳ як марди ҳузарби девкорест, ки дуртар аз магазин, дар назди фермаи мурғ, хона дорад ва соҳиби хулқи нек аст; дар ҷанозаи нафаре, ки писар надорад ё писараш овоз андохта наметавонад, ўро илтимос мекунанд, ки овоз андозаду бигиряд. Ў аз таҳти дил хоҳиши онҳоро ба ҷо меорад.
Хулқу атвори неке дорад. Нисфи мардуми Аспирингон ба хидмати ў эҳтиёҷ доранд. Ниёзмандон ўро басо эҳтиром мекунанд. Аҷаб одами хубест, Саллоҳ! - Хеста равам?
- Чӣ кори хубе мекунӣ. Домод, ту бишин!
- Домодат ба худат насиб кунад!
- Ба домодам худам арўси дигаре меёбам...
Ин ҳама суханҳо ҷиддӣ гуфта мешуданд, касе намехандид. Набӣ Абдулло ҳамин тариқа ба духтараш мефаҳмонд, ки ба ҳимояи ў ҳеҷ умеде набандад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё